Ҳанӯз офтоб аз паси кӯҳҳои сарбафалак набаромада, модарам дар саҳни ҳавлӣ равуо мекард. Саросемавор колои заруриро барои ба адир рафтан омода менамуд ва, ҳамвора, мо – фарзандонашро бо садои баланд фарёд намуда, аз хоби ширини саҳарӣ бедор мекард. Он рӯз барои оилаи мо як рӯзи муқаррарӣ набуд, балки заҳматҳои яксолаи оилаи мо, бахусус модарам, ҷамъоварӣ мешуд. Медид, ки дар хирманҷо чи қадар гандум ҷамъ мешавад. Ҳамин буд, ки модарам дар он лаҳзаҳо аз ҳар вақт дида бештар машғули кор буд.
Чун одат ӯ маро “Бобоҷон” гуфта садо мекард, зеро ба ман номи бобоям Муҳаммадаминро гузоштаанд ва ба эҳтироми он бузургвор аз кӯдакӣ “бобоям”. Он субҳ ҳам Бобоҷон гуфта аз хоб хезонду гуфт, то ҳар чи зудтар маркабро барои овардани алафҳои даравкарда омода кунам ва барои ҳашарчиҳо маҳсулоти лозимаро бурда расонам. Ҳамин гуна ҳафт фарзанд ҳама пайи масъулияти имрӯзааш ба саҳро равон шудем.
Падарам, ки табиб асту дар беморхона фаъолият мебарад, он рӯз натавонист ба мо ёрӣ диҳад, чун ҳамеша дар хидмати халқ буду ба муоинаи беморон мерафт. Модарам мардонавор ҳама он масъулиятро бар дӯши худ гирифта буд. Ҳини ба овул расидан модарамро аз ҳама дида пешдаст дарёфтам. Ҳашарчиён саф кашида, ҳама дар як рост машғули даравидани гандум буданд, вале модарам мардонавор дар миён рӯймол баста, аз онҳо пешдастӣ мекард. Ин саҳнаро дида рӯзҳои пешинро ба хотир меовардам. Модарам дар хона ҳамчунин муштипару нармгуфтору нозуккор буданд.
Ӯро пеш аз ин дар дарав надида будаму ҳеҷ гумон ҳам намекардам, ки модарам дар боробари мардҳо ва, ҳатто, аз онҳо беҳтар дарав карда тавонад. Вале имрӯз дар ин кори сангин, зери Офтоби тамузи тобистон миёни занҳо мардона кор мекард ва, ҳатто аз сафи онҳо дида дар пеш аст. Он рӯз саҳнаҳое ба мушоҳида расиданд, ки бузургии модарро аз ҳар вақт дида бештар нишон медоданд. Дос дар даст, ноаён модарамро синча мекардам (дар шеваи мардум ба маънии чашм дӯхта истодан). Хастанопазир буд. Худ ба худ, ба бузургвориаш сано мехондам. Аҳсану офарин мегуфтам. Мани дар маркази ноҳия таҳсилкарда модарро диловари саҳнаи ранҷу меҳнат надида будам. Аниқтараш, вақте ҳар ҳафта ба дидорбинӣ меомадам бештари вақташро ба навозиш ва пухтупаз баҳри ман сарф мекард. Танҳо ӯро аз ин дидгоҳу дарича менигаристам; модари мушфиқу ғамхор. Илова бар назокату латофату нармгуфторӣ бо шуҷоат кор карданаш маро ба ҳайрат меовард. Масъулияти худро пеши падар дар сатҳи олӣ иҷро мекард, то аз падар офарине бишнавад.
Ҳеҷ надидаам, ки чеҳраи хандону нурфишонаш гирифта бошад. Дар чеҳраву чашм сабақ аз Офтоб гирифтааст, ки ҳамеша хандону гарму диданист. Аз рафтору муносибат ба зиндагӣ модарамро намоди олии як зани тоҷик ва ҳамсари вафодору масъулиятшинос дарёфтам.
Ба худ андешидам, ки ин мушоҳида ва хулосаи як рӯз аз корномаҳои бешумори модарам буд, ки шоҳид шудам. Вақте мо беғаму беташвиш дарс мехондем гуфта, аз ӯ дурем, ҳамарӯза чунин ҷонфидоиву худфарсоӣ мекардааст, ки бехабарем. Миннат намекунад, ғаразе надорад ва бар ивази ҷонфидоиву корҳои вазнин аз мову шумо чизе намехоҳад ба ҷуз аз муҳаббат ва ду-се вожаи гарму ширин. Бале, чунин аст рӯзи “корӣ”-и модари азизам, ки дар ҳеҷ куҷо расман фаъолият намебарад, аммо меъёри масъулият, ҷавобгарӣ ва сахтгириҳо нисбат ба худаш аз вазирон ҳам бештар асту кам нест.
Муҳаммадамин ОДИНА, “Ҷумҳурият”