Модар бузургтарин неъмати рӯи дунёст. Ҳамду сано Худовандеро, ки зан-модарро офарид; фариштаеро барои наҷоти одам ба Замин фиристод ва онро ном модар ниҳод.
Бале, модар дар дунё ҳамто надорад. Кони меҳр асту садоқат. Қалби поки ӯ дунёеро мемонад, ки дар он ба ҷуз раҳму шафқат чизе нест. Албатта, падар бузург асту сутуни хонадон, вале модар ҷонбахши фарзанд аст. Коре, ки модар барои наҷоти фарзанд анҷом медиҳад, касе қудраташро надорад.
Ӯст, ки то дусолагӣ сари гаҳвора ба хотири осудагии мо – фарзандон, шабзиндадорӣ мекашад. Худро ба хотири хушнудии фарзанд мебахшад. Фақат модар, қодир аст, ки ба хотири ҷигарбандаш аз ҷони худ даст кашад. Пас чӣ гуна ӯро муқаддасу беҳамто нахонем? Ҳамин аст, ки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) биҳиштро зери қудуми модарон гуфтааст.
Дар ҳамаи синну сол кас худро назди модар ҳамон кӯдаки шӯху беқарор мебинаду дар дунёи беғаму дарди бачагӣ дармеёбад. Оғӯши модар маконест, ки аз он бӯи биҳишт меояд ва танҳо дар он оромиву осудагӣ ва умеди зиндагӣ нуҳуфтааст.
Мегӯянд, ки дуои неки модар пару бол дорад. Бале, дуои модар аст, ки касро муваффақу комёб мегардонад, фатҳи қуллаҳои зиндагиро барояш осон менамояд. Бартар аз он, дуои неки модарон наҷотбахш аст: тули ҳаёт фарзандашро аз тамоми хавфу хатарҳо эмин медорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, аз қадимулайём тамоми бузургони олам тавсифат мекунанд. Бубинед, ки файласуф ва нависандаи машҳури фаронсавии асри XVIII Шарл Луи де Монтескё чи хуш гуфтааст: “Модар ягона шахсест, ки сазовори гузоштани муҷассама аст, зеро ман касеро аз ӯ дида тавонотару бузургтареро намедонам”. Бале, тавоноӣ ту. Ин тавоноии туст, ки қуввату неру мебахшад ва мо дар роҳҳои пур аз печутоби зиндагӣ бе тарсу ҳарос устуворона қадам мезанем. Бале, бузургӣ ту ва онро дар мизони хирад санҷидан амри маҳол аст. Аз ин рӯст, ки тамоми бузургони олам назди ту сари таъзим фуруд меоваранд!
Ротифахон КАТТАЕВА,
нафақахӯри 70-сола