5 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
Ҷиҳати таъмиқу тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки бар пояи мустаҳками дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар асос ёфтаанд, самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ муайян гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро самимона хайрамақдам гуфта, ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ зикр намуданд. Изҳори бовар шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди маҷмуи ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, зикр карданд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд.
Зимни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни рушди устувори ҳамкориҳои ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу, иқтисодӣ, фарҳангиву, гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният, зикр намуданд.
Густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобилаи сарварони парлумонҳои ду кишвар мазмуни тоза касб кардааст, ҳамчун ҷузъи таркибии маҷмуи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.
Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил гашт.
Дар зимн, ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохт-мон, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Дар бахши энергетика, Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро оид ба иштироки ширкатҳои озарбойҷонӣ дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон таъйид намуданд.
Дар соҳаи нақлиёту транзит оид ба истифодаи фаъолтар аз имконоти транзитии Озарбойҷон ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.
Дар доираи гуфтушунид самти гуманитарии муносибатҳои ду кишвар ҷойгоҳи хосса доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ низ, мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Сарварони ду кишвар аз таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ тарафдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо доир ба маҷмуи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкории зичи ҷонибҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон аъзо ва иштирокчиёни онҳо мебошанд, таъкид гардид.
Дар охири музокироти сатҳи олӣ Президенти мамлакат ба ҷониби Озарбойҷон ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос карданд.