Модаре буд ранҷур. Шавҳараш ӯро аз хона берун мекунад. Писараш бо ҳазорон илтиҷо ба падар мегӯяд: «Моро аз хона наронед, ки ҷойи рафтан надорем!». Аммо падари бевиҷдон ба зораҳои ӯ эътиборе надод. Модар, ки ятим ба воя расида буд, касе надошт, бо ҳазорон ашкҳои ғамолуд аз дасти фарзанд мегираду меравад. Аз дили модар фикрҳои меғшуш мегузаштанд, ки кунун ҳолашон чӣ мешуда бошад, ба хонаи кӣ ангушти ҳасрат бизанад. Онҳо дар кӯчаҳо, зери дарахт, болои хасу хошок хоб мерафтанд. Бо машаққат нон меёфтанд. Рӯзе модар мариз мешаваду наметавонад бихезад. Аввал ҷиддӣ намегирад. Баъд беморӣ тамоман аз пой меафтонад. Писарбача дар бозор ароба мекашаду барои хӯрок чизе меорад. Модар дар ҳайрат меафтаду мепурсад: «Бачаҷон, ин чизҳоро аз куҷо овардӣ? Пул надоштӣ? Ё падаратро дидӣ?». Кӯдак бо лабханди ғамолуд мегӯяд: «Не, оча, падарамро надидам, дар бозор ароба кашидам. Пул кор кардам, меравем ба беморхона». Модар ин суханҳоро шунида, мегиряд, ҷигарбандашро сахт ба оғӯш мекашад. Дили модар ба фараҳ меояд, писарак сар бар зонуи модар мемонаду ба хоб меравад. Субҳ пеш аз ба кор рафтан ба модар мегӯяд: «Очаҷон, ҳатман ба духтур равед!».
Модар назди табиб медарояд, ӯро ташхис мекунанду мегӯяд: «Бемории Шумо табобатшаванда, ана ин доруҳоро харида, хӯред, албатта, шифо меёбед». Ин суханҳоро мешунаваду бар худ мегӯяд: «Ба кадом пул дору мехарам?». Ашк дар чашм меравад сӯе ва вар мехӯрад ба як кулбаи вайронае, ки буд беодам. Писарро меорад ба ин ҷо. Идома медиҳад зиндагиро. Саломатии модар оҳиста-оҳиста вазнин мешавад, бистарӣ мегардад. Бача дар фикри оча аз Худо илтиҷо мекард, ки ба дарди модараш шифо диҳад. Модар дар фикри ояндаи фарзанд буд: «Баъди ман ҳолаш чӣ мешуда бошад?». Шаб мегузарад, писарак аз хоб барвақт бедор мешавад ва ба рӯйи модар чашм медӯзад. Модар ором хоб аст, оҳиста ба кор меравад.
Писар аз кор бармегардад дар даст шириние, дар лаб табассуми малеҳ. «Оча, омадам, бархез, имрӯз зодрӯзи ман аст, бароят ширинӣ овардам». Сад дареғ, модар ба хоби абад рафта буд. Писар дар дасти модар варақе мебинад, дар он чанд сатре ба назар мерасид: «Бачаи ҷон, зодрӯзат муборак бошад. Илоҳо садсола шавӣ, дар дил чи орзуе дошта бошӣ, ҷомаи амал пӯшад. Маро бубахш, ки рафтам, дар хотир дор руҳи ман ҳамеша бо туст!».
Дуои модар мустаҷоб гашт, писарбача калон шуд, мактабу донишгоҳи тиббиро хатм намуд. Ҳар гоҳ зани маризеро бубинад, дар симои ӯ модарашро ба ёд меорад ва ба муолиҷааш аз таҳти дил камар мебандад.
Самандар АБДУЛЛОЕВ