Иқдоми беҳтарине, ки тавонист раванди таъмини нафақаи шаҳрвандони моро баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба танзим дарорад, ин ташкили фонди нафақа буд. Барҳам хӯрдани давлати абарқудрате мисли Иттиҳоди Шуравӣ, ки низоми ягонаи таъминоти нафақаро дар тамоми ҷумҳуриҳои муттаҳидгардида ба роҳ монда буд, баъд аз мустақилият дар ин кишварҳо, хусусан дар ҷумҳурии мо, ки боз ҳам ба низоъ ва нооромиҳо дучор гардид, қарзи нафақаро ба миён овард.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода шуд ва сиёсати иҷтимоии давлат бошад, беш аз ҳама дар соҳаи қонунгузорӣ, ба ҳифзи манфиатҳои аҳолии кишвар равона гардид.
Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумати мамлакат барои васеъ сохтани доираи хизматрасонӣ ва дастгириҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, барои ташкили фонди ғайридавлатии нафақа иқдом гузошта шуд. Албатта, новобаста аз он ки ин сохтор метавонист барои мақомоти давлатӣ рақобат эҷод кунад, вале барои рушди соҳа ва пайдо намудани ниҳоди мусоидаткунанда, чунин супориш ба худи сохтори давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар ин замина, ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ташкили фонди ғайридавлатии нафақа таҳия гардиданд ва тамоми шароит барои ташкили ин ниҳод фароҳам оварда шуда, ниҳоят моҳи ноябри соли 2005 фонди ғайридавлатии нафақа таъсис ёфт.
Мутаассифона, фазои молиявии кишвар, хусусан замоне, ки фаъолияти муассисаҳои ғайридавлатӣ кам ба назар мерасиданд ва вобаста ба таъсири идомадори низоми шуравӣ, ки корхонаву муассисаҳо сирф давлатӣ буданд, ба муассисаҳои ғайридавлатӣ эътимод пайдо намудан душвор буд. Аҳолӣ на танҳо аз манфиати фонди ғайридавлатии нафақа огоҳ набуданд, балки аз фаъолияти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар як муддати кӯтоҳ раванди таъмини нафақаро ба танзим даровард, хабар надоштанд. Ин омилҳо ва якчанд омили дигар барои амали фонди ғайридавлатӣ дар кишвари мо маҳдудиятҳо ба миён оварданд.
Фонди ғайридавлатии нафақа ташкилоти ғайритиҷоратии таъминоти иҷтимоӣ бо шакли махсуси ташкилию ҳуқуқӣ мебошад, ки ба суғуртаи ҳатмии нафақа, инчунин, таъминоти нафақаи ғайридавлатӣ сарукор дорад.
Фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа дар кишварҳои пасошуравӣ хеле рушд намудааст ва яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини нафақаи ин кишварҳо ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти оморӣ, айни ҳол дар Федератсияи Россия 137 фонди ғайридавлатии нафақа, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 12 ва дар Қирғизистон 2 фонди ғайридавлатии нафақа фаъолият доранд.
Фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақаро метавон ба се намуди асосӣ тақсим кард. Якум, бо таъминоти нафақаи ғайридавлатӣ, дуюм, суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва сеюм, суғуртаи нафақаи касбӣ. Ҳар се самти фаъолияте, ки фонди ғайридавлатии нафақа метавонад ба роҳ монад, хусусан дар кишвари мо, имрӯз ба такмилу таҳрик ва ё тақвият эҳтиёҷ дорад.
Сабаби дигари маҳдудият барои фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақа, ин дар кишвар солҳои тулонӣ амал намудани низоми ҳамраъйӣ (солидарная система) буд, ки аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мерос монда буд. Фонди ғайридавлатии нафақа бошад, сатҳҳои гуногуни таъмини нафақаро дар бар мегирад ва ба фазои васеъ эҳтиёҷ дорад, ки як қисми он қисми пасандозӣ ва ё қисми захиравии онро метавонад фонди давлатии нафақа барои даромад овардан ба нафақагирон ба фонди ғайридавлатии нафақа интиқол диҳад.
Ҷанбаи дигари муҳим ин аст, ки фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа пайваста таҳти назорати сохторҳое ба мисли Палатаи ҳисоб, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аудиторҳои мустақил қарор гирад.
Натиҷаи омӯзиш нишон медиҳад, ки айни замон, даромади сармоягузории фонди ғайридавлатии нафақа, барои мисол, дар Федератсияи Россия ба ҳисоби миёна аз Фонди нафақаи ин кишвар зиёдтар аст ва мутаносибан ҳаҷми пасандозҳои нафақаи муштариён низ рӯ ба афзоиш дорад.
Имрӯз дар кишвари мо фазои мусоид барои ташкили фонди ғайридавлатии нафақа фароҳам омадааст. Бо гузариш ба низоми суғуртавии нафақа, низоми нафақаи бисёрсатҳие ташкил карда шуд, ки дар баробари кафолат додан ба таъмини нафақа ва даромаднокии саҳмҳои шаҳрвандон, ба шаҳрвандон имконияте дода шудааст, ки дар таъминоти минбаъдаи худ дар давраи пиронсолӣ ва ё эҳтиёҷмандӣ мустақилона иштирок намоянд.
Новобаста аз дастуру таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан самти таъмини нафақа ва кумакпулиҳо, дар ин низом масъалаҳои ҳалнагардидае ба мисли таъмини нафақа ва ёрипулиҳо ба муҳоҷирон ва ё раванди нафақаҳои касбӣ, таъмини кумакпулиҳо ҳангоми ҷароҳатҳои касбӣ ба назар мерасанд, ки метавонад, сохторе чун фонди ғайридавлатии нафақа, ҳамчун ниҳоди ёрирасон дар таъмини нафақа, танзими даромаднокии маблағҳои шаҳрвандон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Итминон аст, ки аз ҷониби мутахассисону масъулон сари ин масъала кор бурда мешавад ва доираи имрӯзаи нисбатан маҳдуди таъминоти иҷтимоӣ васеъ ва рақобатпазир мегардад.
Раҷабалӣ ДАМОНОВ, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ