Эй далели будану сарчашмаи оромишам,
Чатри ҳифзу боғи бовар, ибтидои донишам.
Як ту мебинӣ аён ҳоли дилам бо як нигоҳ,
Худфидоӣ мекунӣ, то ки расам бар хоҳишам.
Эй намоди меҳрубонӣ, покҷону порсо,
Бо чунин покизагӣ афзун бисозӣ ромишам.
Ифтитоҳи ҷашни шодӣ, ҳам фараҳбахши ҳаёт,
Бо ту доим дар фазои бахт ахтаргардишам.
Дар канори гарми ту то ҳаст Руъё, модаро,
Ҳамчу Хуршеди само як умр андар тобишам.
Руъё УСМОНӢ, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, вилояти Хатлон