6-уми ноябри соли 2024 барои мардуми тоҷик рӯзи таърихию фархунда ва фаромӯшношуданӣ аст, зеро 30 сол муқаддам дар ҳамин рӯзи соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид, ки дар нахустин моддаи ин санади сарнавиштсоз хусусияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид. Ин арзишҳо собит менамоянд, ки кишвари мо бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфтааст.
Бо қабули ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, истиқлоли давлатиро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
ЭЪЛОМИЯИ СОҲИБИХТИЁРӢ БА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНА ГУЗОШТ
Омили асосие, ки ба қабули Конститутсия замина гузошт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9-уми сентябри соли 1991 мебошад. Конститутсия аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва дурнамои рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсия дар худ арзишҳои демократии сохтори конститутсионӣ – соҳибихтиёрӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентиро инъикос намуд.
МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ ДОРОИ ЭЪТИБОРИ ОЛИИ ҲУҚУҚИЯНД
Конститутсия истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, дурнамои рушди ҷомеаи навинро муайян ва бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин намояд. Ин санади сарнавиштсоз инъикосгари арзишҳои ҳуқуқӣ буда, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ инъикос намудааст. Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар қисми аввали моддаи 10 ин санади муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия ибтидо мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин рӯ, меъёрҳои Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошанд.
ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ШОХАИ МУСТАҚИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ЭЪТИРОФ ГАРДИД
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи мамлакат риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ҳар моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон қабул шуда, дар амал истифода шудани ин меъёрҳо ва аз бар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа вобаста аст.
КОНСТИТУТСИЯ СОХТИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНРО МУАЙЯН НАМУД
Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф карда, ба гузарондани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. То ин вақт беш аз 20 кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ ва миллӣ қабул гардиданд, ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муассир мегузоранд.
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
Бо мақсади мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҷаҳонӣ дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки минбаъд ба гузарондани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шоха – таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ, таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии низоми судиро фаро гирифта, дар ҳаёти сиёсӣ, асосан, барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардид. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир арзёбӣ мегардад. Се маротиба ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бозгӯи он аст, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуданд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН КОНСТИТУТСИЯҲОИ ҶАҲОН
Дар сархати Конститутсия халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардидааст. Тоҷикистон дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳониро ба уҳда гирифтааст ва онҳоро татбиқ менамояд.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии садҳо санадҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро мекунад ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё шинохта мешавад.
КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР
Нахустин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил ҳамчун санади сарнавиштсоз дар эъмори давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар худ ормони тоҷиконро инъикос намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушараф гардидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, фароҳам овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик дастоварди бузург дар асри ХХ маҳсуб шуда, бозгӯи саъю кӯшишҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи нави рушд ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён мебошад.
Қабули Конститутсия дар бунёди давлати демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Бо гузашти 30 сол аз қабули ин санади тақдирсоз дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоии мамлакат, хусусан дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки бунёди даҳҳо иншооти бузурги саноатию коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикии аср дар мамлакат далели ин гуфтаҳо аст.
Аз нахустин рӯзҳои қабули Конститутсия дар назди давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик рисолат ва вазифаҳои бузурги таърихӣ вогузор гардид. Ташкил ва тақвияти рукнҳои муҳими давлатдории муосири миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оғози раванди бунёдкорӣ аз вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб мешуданд.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуд. Ин аст, ки дар мамлакат бо мақсади рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамо моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамун сохта, водор менамоянд, ки бо риояи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи муосирамонро дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо бояд нагузорем, ки нотавонбине ба истиқлоли миллӣ ва суботу амнияти давлатамон халал расонад.
Марзия САИДЗОДА, рӯзноманигор