Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои кушода қадамҳои хешро устувор гузошта, бо мамолики ҷаҳон равобиту дӯстиро тақвият бахшида, дар масоили муҳим нақш мебозад. Дар зимн, зикр бояд кард, ки Озарбойҷон яке аз кишварҳои пешрафтаи Қафқоз буда, маркази пур аз сарватҳои табиӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд.
Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Озарбойҷон фаъолият мекунад. Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.
Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн, асосан, вохӯриҳои сарварони ду давлат дар форматҳои гуногун мусоидат мекунанд. Дар зимн, дар маҳфили пазироӣ оид ба 100-солагии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе собиқ сафири Озарбойҷон бо забони софу ноби тоҷикӣ суханронӣ карда, аз дӯстии ҳар ду кишвар ва фарҳангу меҳмоннавозӣ ёдоварӣ кард.
Озарбойҷон минтақаи сершор аз сарватҳои табиӣ буда, дорои тамаддуну таърихи қадим мебошад. Ин кишвар осори хело қадима дорад, ки таърихи қадимии онро дар минтақа нишон медиҳад. Забон, фарҳанг ва тамаддуни таърихии он дар ҷаҳон маҳбубияти хос дорад. Мардуми он таърихи давлатдории 5000-сола доштанд, ки ба охирҳои 4000 ва аввалҳои 3000 соли қабл аз мелод рост меояд. Дар асри VII мардум дини исломро пазируфта, одобу суннати худро нигоҳ доштаанд. Дар асрҳои XV – XX манотиқи зиёди ин ҷо ба монанди Сафавӣ, Афшар ва Гаҷар аз тарафи роҳбарони ин миллат идора мешуд.
28 майи соли 1918 аввалин кишвари демократии Озарбойҷон чун мамлакати озод, ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ намуд. Озарбойҷон яке аз аввалин кишварҳои Қафқоз ва Шарқ аст, ки овоздиҳиро дар интихобот барои занон расман иҷозат дод.
Дар натиҷаи талошу муборизаҳо мардуми ин кишвар тавонист сарвату дороиҳои худро ҳифз намояд ва сокинонашро дар руҳияи ватандӯстию саховатмандӣ тарбият намояд. Баъд аз фурӯпошии шуравӣ 18 октябри соли 1991 ин кишвар истиқлоли худро бар асоси идеяҳои миллӣ, ватанхоҳӣ, ахлоқӣ ва мустақилият эълон кард. Ҳайдар Алиев соли 1993 аввалин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардид ва мамлакатро чун давлати мустақил ва соҳибихтиёр роҳбарӣ кард.
Тибқи баррасиҳои дарёфтшуда, сайёҳон ин диёрро ба хотири доштани нукоти зерин интихоб менамоянд:
1. Боду ҳавои субтропикии хос, меваҳои гуногунранг, ба монанди афлесун, лимӯ, кивӣ ва дар қисматҳои ҷануб дарахти банан ва соҳилу обшорҳо.
2. Калонтарин баҳри шӯри дунё, яъне Ҳазар (Каспий) дар Озарбойҷон аст, ки масоҳаташ 371000 км мураббаъ ва чуқуриаш 1025 метр мебошад.
3. Маконҳои таърихӣ, ба монанди Гобустон ва Ичери (шаҳри қадима) шомили рӯйхати ЮНЕСКО ҳастанд.
4. Чорбоғи Боку дорои шакли ҷаззоб буда, атрофашро қаҳвахонаҳои зебо, парк, мағозаҳои бузург ва марказҳои истироҳатӣ ва тиҷоратии замонавӣ, Бурҷи шуъла ва Кристал Ҳол (Толори булӯрӣ) шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Дар зимн, Тоҷикистон низ, бо мавҷуд будани қуллаи баландтарини дунё – Исмоили Сомонӣ (баландии зиёда аз 7000 метр), шаҳри қадимаи Саразм, гиёҳҳои нодир, истироҳатгоҳҳои кӯҳии Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм ва Обигарм, зиёратгоҳи пирони хирад чун Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (дар Душанбе) Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (дар шаҳри Панҷакент), Абулайси Самарқандӣ (яке аз муридони Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар маҳаллаи Теппаи Самарқандӣ), Ҷунунӣ (дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ), Абумӯсо Ашъарӣ (дар Кӯҳистони Мастчоҳ), бозори қадимаи Панҷшанбеи Хуҷанд, қалъаҳои таърихиву таълимии Ҳисору Ҳулбук, Кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, бинои Китобхонаи пурҳашамати камназир, атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кӯлобӣ, ҷуробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳои хоси зарафшонӣ, қурутобу шакароб бо табақи махсуси тоҷикӣ аз ҳунару русуми мардумии тоҷик ва ҷойгиршавӣ дар қисмате аз Роҳи Абрешим, дарёҳо, обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои фаровон мардуми сайёраро ҷазб кардааст.
Хулоса, Тоҷикистону Озарбойҷон бо ҳамин хусусияту сарватҳои худ чун ду кишвари дӯст, дорои фарҳангу русуми муштарак, равобити ҳасанаи худро идома дода, сафари роҳбарияти кишвари дӯст ба Тоҷикистон заминаҳои ҳамкориро тақвият мебахшад. Ҳамин тариқ, ҳар ду кишвар таҷрибаҳои якдигарро дар бахши сиёсат, адабиёт, фарҳанг, саёҳат дар партави дипломатияи мардумӣ истифода карда, муносибатҳоро тақвият мебахшанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгари Институти
Осиё ва Аврупои АМИТ