Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун қисми муҳими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба шинохти ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, ба баланд бардоштани масъулияти онҳо дар иҷрои вазифаҳо равона шудааст. Дар Тоҷикистон ба шарофати ислоҳоти ҳуқуқию қонунгузорӣ ва сохторҳои қудратӣ, мардум бештар ба ҳуқуқҳои худ дастрасӣ пайдо мекунанд. Бо вуҷуди ин, барои сайқал бахшидани донишҳои ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва таъмини адолат, зарур аст, ки маърифати ҳуқуқӣ дар ҳама қишрҳои ҷомеа ба таври бояд омӯзонда шавад.
Ҳуқуқ дар ҷомеаи муосир нақши муассир дошта, вазифааш ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, таъмини адолат ва ҳуқуқҳои баробар мебошад. Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади олитарини ҳуқуқӣ, заминаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро таъмин менамояд. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсия: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд” ва аз ҳама гуна табъиз ҳимоят карда мешаванд. Аммо дарку иҷрои муқаррароти қонунҳо ва истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза барои онҳое, ки маърифатнокиашон ба дараҷаи баланд нест, аксар вақт душворӣ пеш меорад. Ҳаминро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, то ки аҳли ҷомеа маърифати ҳуқуқии худро сайқал бахшанд, зеро маърифати ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои асосии ҳимояи ҳуқуқҳои инсон мебошад. Агар шахс ҳуқуқҳои худро надонад, ӯ наметавонад аз онҳо истифода барад ва аз имкониятҳои қонунӣ ҳангоми ҳимояи худ истифода барад. Дар Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ба сатҳи кофӣ нест. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тавассути семинару маҳфилҳои омӯзишӣ дониши ҳуқуқии мардумро баланд бардошта, онҳоро бо ҳуқуқу вазифаҳояшон шинос намоем.
Ҳамчунин, хизматрасониҳои ҳуқуқии ройгон бояд барои қишрҳои осебпазири ҷомеа дастрас бошанд, то ки онҳо ҳимояи ҳуқуқҳои худро дарк ва таъмин созанд. Ҷамъият ва давлат бояд дар якҷоягӣ фаъолият карда, маърифати ҳуқуқии мардумро беҳтар намоянд, хусусан тавассути шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон.
Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо калиди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аст, балки заминае барои шукуфоии ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Баракатулло БОБОЕВ, донишҷӯйи соли якуми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ