Дар бораи гӯрғулисарои хушнавои номӣ Ҳикмат Ризо, ки ба зодрӯзаш 130 сол пур мешавад, аз хотираҳо чанд сатри равшан рӯи коғаз овардам. Қабл аз ёди хотираҳо зикри ин андешаро зарур мешуморам, ки бузургии Ҳикмат Ризо солҳои панҷоҳуми асри гузашта эътироф гардида буд. Банда ӯро ҳини даҳсолагӣ дар зодгоҳамон Ҷойникӯдӣ (ҳоло Чилчашма) ҳангоми тӯйи суннатии писари Холи магазинчӣ дидам. Он вақт Ҳикмат Ризо 63 сол дошт. Ба деҳа нав хатти барқ кашида буданд. Дар чанд ҷои ҳавлӣ чароғи барқӣ овезон. Мардум рӯи сӯфа, болои бом, тори дарахт ҷой гирифта буданд. Медидам, ки мардуми шефтаю шайдои гӯрғулӣ гоҳо ширин табассум мекарданд, гоҳ сар меҷунбонданду гоҳ ба сукут мерафтанд. Аз дидаи мардони солхӯрда ашк мерехт. Ақли кӯдакӣ ба маънии ашкрезии мӯсафедон намерасид...
Соли дуюми таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) бо ҳидояти номзади илмҳои филология устод Собира Аминова (руҳашон шод бод) оид ба “Санъати ташбеҳ дар “Гӯрғулӣ” кори курсӣ навиштам. Вақте аз кашмакашиҳои Чамбули Мастон, қаҳрамонию мардонагии Авазу Нураливу Шералӣ, диловарии Ҳасану Барзуи деҳқон, Қарақузу Гулширмоҳ ва даҳҳои дигар (“Гӯрғулӣ” аз некону бадон қариб 100 персонаж дорад) огоҳ шудам, маънии ашкрезии мӯсафедони Чилчашмаро дарк намудам: пирсолон ҳини шунидани садои марғуладори Ҳикмат Ризо ба ваҷд омада, майдони набардро тасаввур карда, симои қаҳрамонони асарро пеши рӯ оварда, аз мағлубияту шикастҳои онҳо ба риққат меомадаанд. “Ҳо”-ву “ҳи”-и Ҳикмат Ризо ончунон ҷозиба дошт, ки шунавандаро ҳам хушҳол мегардонд, ҳам мегирёнд ва ҳам ба андеша водор мекард. Воқеан, “Гӯрғулӣ” асарест, ки мисли “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ватандӯстии аҷдодони мо, ориёиҳо, қисса карда, рӯзгори мардумро бо ҳама паҳлуҳояш инъикос менамояд. Аз навои дутор, аз фарозу фурудҳои мусиқии ӯ ҳини гӯрғулихонӣ ҷисму ҷони кас ҳаловат медид. Ҳис карда мешуд, ки қаҳрамони дӯстдоштатарини бобои Ҳикмат аз “Гӯрғулӣ” Аваз аст. Бесабаб нест, ки фарзандашро Аваз ном ниҳод.
Солҳои 60-70-уми асри ХХ қиссагарони қаҳрамониҳои ватанхоҳӣ Ҳикмат Ризо, Ҳақназар Кабуд, Сайдалӣ Алиев, Бӯрӣ Муҳаммадиев ва Қурбоналӣ Раҷаб ҳар кадом бо лаҳну садои худ овоз андохта, ҳазорон ҳазорро мафтуну шайдо мегардонданд. Он замон, ки телевизор маъмул набуду на ҳамаи деҳаҳо чароғи барқӣ доштанд, касони ташнаи ҳофизӣ, хусусан калонсолон, донандагони эпоси “Гӯрғулӣ”-ро аз радио бо мароқ гӯш мекарданд. Онҳоро ба тӯю маъракаҳо даъват менамуданд.
Банда ихлосманди ҳофизии Ҳикмат Ризо будам. Моҳи октябри соли 1984 ба муносибати 60-солагии Тоҷикистон дар бораи Ҳикмат Ризои навадсола очерке навишта, дар рӯзномаи Файзобод “Меҳнати коммунистӣ” (ҳоло “Набзи Файзобод”) чоп кардам. Яке аз хешони бобои Ҳикмат нусхаи рӯзномаро ба Биниҳисорак, макони истиқомати ӯ мебараду дар ивази “хидматаш” ҳадия талаб мекунад.
“Бори якум нест, ки маро таъриф мекунанд. Хабари овардаат кирои ҳадия нест”, – мегӯяд боби Ҳикмати шӯхтабиат. Ва баъди чанде пиёлаи чой гирифта, аз хешаш хоҳиш мекунад: “Файзобод, ки рафтӣ, ба идораи газета даромада, ба ҳамон бачаи мӯдароз аз номи ман ташаккур бигӯ”.
Даҳ сол пеш аз навиштани ҳамон очерк, соли 1974, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 80-солагии Ҳикмат Ризоро дар Файзобод гузаронд. Ба ин муносибат, рӯзномаи ноҳия ду саҳифаи худро ба ҳаёту эҷодиёти ин пири хирад бахшид.
Ҳикмат Ризо ҳофизи ҳунарвари майдони васеи санъат буд. Ӯ дар толорҳои андак намеғунҷид. Дар озмуну ҳамоишҳои гӯрғулисароӣ мудом дастболо буд. Дар суҳбатҳое, ки бо ӯ доштам, аз устод Мирзо Турсунзода изҳори ташаккур мекард, шуҳрату манзалаташро ба ӯ мансуб медонист. Миннатдории бобои Ҳикмат аз он буд, ки соли 1948 устод Турсунзода ба суроғи Ҳикмат Ризо ба Обигарм омада, маслиҳат медиҳад, ки аз кӯҳистон ба маркази маданию фарҳангӣ кӯчида ояд. Ҳикмат Ризо гапи устоди назмро ба замин нагузоша, аз Ёнахш ба Душанбе – пойтахти азизи Тоҷикистон, кӯч мебандад. Ҳунари ҷаззоби Ҳикмат Ризо аз ҳамон сол ба шарофати устод Мирзо Турсунзода, олими адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев ва хосса таваҷҷуҳи Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров боли парвоз мебарорад. Ҳикмат Ризо охири солҳои 40-уми асри гузашта маҳз бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи олимону ҳунармандон дар Конгресси ҷаҳонии шаҳри Москва иштирок менамояд.
Солҳои 1948-1949 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Раҷаб Амонов, Шавкат Ниёзӣ, Муҳиддин Фарҳат, Наим Раҳимов достонҳои гӯрғулии Ҳикмат Ризо сабт шуда, нашру табъи он оғоз мегардад. Радиои тоҷик гӯрғулиро дар қироати Ҳикмат Ризо ба лентаи овоз медарорад. Телевизиони тоҷик чанд силсилаи намоишҳо ташкил мекунад.
Ба гуфтаи худи бобои Ҳикмат, ӯ аз 15-солагӣ бо дутор “гуфтугӯ” карданро ёд мегирад. Дар 22-солагӣ гӯрғулихони мустақил мешавад. Устоди аввалини ӯ дар ҳофизӣ бародари калонаш Зиё Ризо будааст. Эпоси “Гӯрғулӣ”-ро дар бадали 40 сол аз Наврӯз Ҷонмаҳмад (соли вафоташ 1940) меомӯзад. Ҳикмат Ризо Хол Мусофирро устоди дигари худ меҳисобид.
“Панҷоҳ ҳазор байтро, ки олимон ҳисоб кардаанд, Наврӯз дар дили ман андохт”, – гуфта буд бобои Ҳикмат. Баъдтар, бо иловаҳои худи ҳофиз ин адад ба 126 ҳазор мисраъ расид. Ба репертуари гӯрғулисароии ӯ эҷоди худаш низ илова гардид. Магар одаме, ки 35 достонро аз худ кардааст, шоир буда наметавонад?! Ҳикмат Ризо солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) достони “Ҷанги ватанӣ”, соли 1950 достони “Коваи оҳангар”-ро офарид. Бо номи “Роҳсозӣ ва ободонӣ” ҳам достон дорад. Шеърҳояш дар китобҳои “Суруди Ватан”, “Баҳори Тоҷикистон”, “Таронаҳои наврӯзӣ” мураттаб шудаанд. Ӯ дар бораи мардуми диёри худ Файзобод ҳам шеъру достонҳо дорад. Ба мисол, кору пайкори деҳқонони бригадаи Пӯлод Абдураҳмонов (аввалин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии водии Қаротегин)-ро ба риштаи назм кашида буд. Аз забони Ҳикмат Ризо дар 25 ҷузъи чопӣ қиссаву ривоят сабт шуда, дар шуъбаи филологияи Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфузанд.
Хулас, Ҳикмат Ризо инсони барҷастатабъе буд. Ашъор, кору гуфтору рафтор, овози марғуладор, ҳазлу шӯхию панду ҳикматҳои ӯ дар дилу ёдҳо мондаанд. Месазад, ки мактаби Ҳикмат Ризо ва дигар гӯрғулисароён ҳамчун як рукни барҷастаи фарҳанги миллии мо зиндаву ҷовидон монад.
Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон