Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар марҳалаи муосири рушди худ қарор дорад, ки сарчашмаи асосии он истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин арзиши беназир роҳи нави рушди мамлакатро муайян намуда, дар амалӣ гаштани ормонҳои халқи тоҷик нақши таърихӣ гузоштааст.
Таҷрибаи бунёди давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории Тоҷикистон ба таври арзишманд арзёбӣ мегардад. Хидматҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беинтиҳо буда, ин абармарди таърих на танҳо аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, балки аз тарафи ҷомеаи башарӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Дар яке аз сарчашмаҳои илмии ватанӣ саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллии Тоҷикистон пажӯҳиш гардида, қайд шудааст, ки «воқеан, агар мо фаъолияти Сарвари давлатро дар тули солҳои сипаришуда аз рӯйи инсоф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, хоҳем дид, ки маҳз аз баракати роҳбарии дурусту сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат бино ниҳодани давлат, ба таври мушаххас муайян намудани тарзу усули давлатдорӣ, поягузории соҳаҳои ҳуқуқи муосир ва таъсиси дастгоҳи нави давлатии қодир ба хизмати мардум сурат гирифт. Гузашта аз ин, маҳз дар ҳамин солҳо худшиносии миллӣ ва ташаккули афкори ватанхоҳиву ватанпарастӣ дар қалбҳои мардуми кишвар ба таври густурда нуфуз пайдо кард ва устувор шуд. Ба ибораи дигар, раванди миллатсозӣ ва таъмини воқеии миллати тоҷик оғоз гардид». Пешвои миллат дар таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта, дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва бузург доранд.
Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон муҳим буда, ташаббускори таҳияи ин санади муҳими кишвар маҳсуб мешаванд. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат пайваста аз мубрамӣ ва ҷойгоҳи хос доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, нақши онро дар бунёди давлат ва ҷомеаи муосир, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми халқи кишвар мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Амалан таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғоз мегардад. Тавре муҳаққиқон меафзоянд: «Метавон бо итминони комил гуфт, ки Иҷлосияи мазкур ва асноди ҳуқуқии марбут ба он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин Иҷлосияи таърихӣ сабаб гашт, ки дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсаднок ва самароварро оғоз намояд». Дар дигар маврид иброз гардидааст: «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Дар бораи аҳамияти таърихии он бисёр навиштаанду менависанд ва хоҳанд навишт, зеро ин қадами аввалин барои наҷоти миллат ва давлатдорӣ буд ва бо гузашти айём, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд шудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти он дучанд меафзояд».
Бояд зикр кард, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳим ва бунёдӣ ҳал гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва давлат мусоидати самаранок намуданд. Дар ин миён масъалаи таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно набуда, Иҷлосияи мазкур заминаи асосии таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад.
Гузашта аз ин, ёдовар бояд шуд, ки дар Иҷлосия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки дар ин марҳала бо назардошти он, ки тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳоди президентӣ даст кашида шуд, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардиданд, ки амалан функсияи роҳбарии давлатро иҷро мекарданд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар Иҷлосия тақдири минбаъдаи давлату миллат муайян ва ҳал мегардид. Мадуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазири он буданд, ки Тоҷикистон чи гуна давлатро эҳё ва бунёд менамояд. Маҳз матонат ва иродаи ояндабинии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ин Иҷлосия иброз намуданд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем».
Ин изҳороти қатъии Сарвари давлат боиси он гардид, ки низоми сиёсии мамлакат демократӣ эълон гардад ва давлати мо ҳамчун давлати мутамаддин ва ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва шинохта шуда, дар дили мардуми кишвар шуълаи умед бедор гардад ва халқ ба ояндаи Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва ободу пешрафта боварӣ ҳосил кунад.
Тавре зикр гардид, яке аз масъалаҳое, ки дар доираи Иҷлосияи таърихӣ муҳим арзёбӣ мегардид, ин таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки инъикосгари орзую ормони халқи бузурги Тоҷикистон бошад. Яке аз муҳаққиқони ватанӣ иброз менамояд: «Барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бориз аст, зеро, пас аз Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади ишорашуда аз нав ба миён гузошта шуд. Метавон гуфт, ки Конститутсия натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мебошад». Махсусан, дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва азми қавӣ талош карда буданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардида, бунёд ва рушди давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ дар тарҳи нав сурат гирад. Бо назардошти зарурат ва муҳимияти ҳарчи зудтар қабул кардани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Сарвари давлат чунин баён дошта буданд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шуруъ кард ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».
Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд марҳалаи дуюми кори Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон ҷараён дошт ва бо вуҷуди кори он Пешвои миллат барои боз ҳам тақвият бахшидани раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои худро ба роҳ монда буданд. Барои таъмини самаранокии фаъолияти Комиссияи мазкур қарори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати Комиссияи конститутсионӣ қабул гардида, ба ҳайси раиси он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Пешвои миллат аз давраҳои аввали ба симати раиси Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон интихоб гардиданашон ҷиҳати ба зуддӣ таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани он дастур ва супоришҳо доданд, ки ин қадами дигари устувор бобати таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои гуногун рӯйи кор омаданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз ҷониби Комиссияи болозикр мавриди баррасӣ қарор дода мешуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифт, ин интихоби шакли идораи давлат буд. Оид ба ин масъала баҳсу мунозираҳои ошкорою доманадор сурат гирифта, миёни гурӯҳи корӣ ду ақида мавҷуд буд. Як гурӯҳ тарафдори шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, гурӯҳи дигар бошад, аз шакли идоракунии парламентӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Маҳз ҳамин баҳсу мунозираҳо сабаб гардиданд, ки ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳа: Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ ва Конститутсияи ҷумҳурии президентиро пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат оид ба ин масъала чунин иброз намуда буданд: «Имрӯз дар атрофи масъалаи шаклҳои идораи давлатӣ… баҳсу мунозираҳои ниҳонию ошкоро сурат мегиранд. Мехостам назари шахсии хешро ба масъалаи мазкур баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад. Боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ далелу андешаҳои раднопазир оварда метавонанд. Шахсан ман, ҷонибдори идораи мустақили президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустақили президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад».
Ин андешаҳои асосноки Сарвари давлат боиси он гардид, ки Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро ҷонибдорӣ кард ва он аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид. Сӣ соли сипаригашта дурустии ин пешниҳоди таърихии Сарвари давлатро собит намуд.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми баррасӣ ва таҳияи ин санади муҳим ба миён омад ва вобаста ба он ақидаҳои якранг мавҷуд набуданд, ин ба кадом тарз қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Роҷеъ ба ин масъала, як қисми аъзои Комиссияи конститутсионӣ тарафдори он буданд, ки Конститутсия аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад ва қисми дигар бошад, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намудани онро пазироӣ мекарданд. Ҳамин тавр, маҳз бо истодагарӣ ва пофишориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳалли ниҳоии худро пайдо кард ва Конститутсия аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул шуд. Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат чунин иброз намуда буданд: «Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа мо ба хулосае омадем, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро мо аз таҷрибаи талхи кишвари худ медонистем, ки бо талаботу пофишории қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто, дар як рӯз ба Конститутсия якчанд тағйирот ворид мекард, ки онҳо баъзан мухолифи ҳамдигар буданд. Аз ин ҷиҳат, ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор карда мешавад, муҳим буда, итоат ба он барои тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа муқаддасу ҳатмӣ мегардад».
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Маҳз тавассути ин санади тақдирсоз ва раҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд».
Тавре гуфтаҳои боло тасдиқ менамоянд, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмату талош, истодагарию пофишориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он масъалаҳои калидӣ: барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, кафолати давлатии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ифода ва амалӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан нави бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, ин санади олии ҳуқуқӣ бо саъю талош, азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳамзамон, нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқ дар такмили меъёрҳои он бағоят бузург мебошад.
Саидзода Исфандиёр ИСКАНДАР, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент