Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила озмунҳои ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд — боғи падару модар» баргузор шуд.
Ҳадаф аз гузарондани озмунҳо амалишавии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси муносибатҳои оиладорӣ, тақвияти масъулияти падару модар ва фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, нақши оила дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзанд, муносибати хушдоман бо арӯс ва арӯс бо хушдоман, тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ буд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ дар маросими ҷамъбасти озмунҳо зикр намуд: «Мустаҳкамӣ, пойдорӣ, солимии оила ва аҳли хонавода фаъолияти меҳварии Кумитаро ташкил дода, соли 2024 ба ин хотир, Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро доир намудем».
Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент, аз мақом ва мартабаи оила дар раванди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа, таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштани оила ва ҳифзи хуқуқу манфиатҳои занон ва оила изҳори андеша намуд: «Озмун дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсия доир гардид, ки он тантанаи муваффақият ва дастовардҳои Тоҷикистон мебошад. Маҳз Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занонро дар асоси моддаи 17 кафолат дода, тибқи моддаи 33 давлат оиларо ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ зери ҳимояи худ қарор додааст».
Ҳамин тавр, Ҷавҳарбӣ Сафарова аз ноҳияи Данғара хушдомани беҳтарин ва Нозанин Лутфуллоева фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар Озмуни “Хушдомани беҳ-тарин” Лутфӣ Назаршоева аз ноҳияи Роштқалъа, Замира Урунова аз шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм, Азиза Эшонова аз шаҳри Ваҳдат ва Сайлигул Мирзоева аз ноҳияи Сангвор сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Фарзанди беҳтарин Фаррух Зиёзода аз шаҳри Ҳисор эълон гашт. Орифҷон Додов аз ноҳияи Сангвор сазовори ҷойи дуюм, Нуқра Зай-нуллозода аз ноҳия Рӯдакӣ, Нигина Раҳмонова аз ноҳияи Файзобод ва Сабрина Аҳмадҷонзода ҷойи сеюмро гирифтанд.
Баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ дар низоми оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон нақши арзишманд мегузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»