Табиист, ки омӯзиши кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ заминаи асосӣ барои таҳсили минбаъда дар мактаб буда, агар аз як тараф алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намояд, аз ҷониби дигар дар ҳаёти кӯдак аз қадамҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин, Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 амалӣ мешавад, ки яке аз бандҳои он ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак маҳсуб мегардад.
Дар ҳамин росто, таҷрибаи равоншиносии ҷаҳонӣ собит намудааст, ки кӯдакони дар боғча ва марказҳои инкишоф тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фикрронӣ, ахлоқ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Тибқи маълумоти Хуршед Мавлонов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 2 ҳазору 381 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96 ҳазору 546 кӯдак фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 2023-юм 270 марказ ва 27 ҳазору 655 кӯдак зиёд мебошад. Барои мисол, агар то соли 1991 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳамагӣ 5 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард, ин шумора соли 2024 ба 16 расид. Ба ғайр аз ин, дар водии Рашт 131 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дорад. Шумораи умумии кӯдакони то 6-сола дар водӣ 35 ҳазору 738 нафар буда, 2447 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд.
- Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Лахш 55 маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуд, ки 1184 кӯдаку наврасро ба таълим фаро гирифтааст. Боиси зикр аст, ки марказҳо бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаву маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд, - иброз намуд Назокат Шомуродова, мушовири муассисаҳои томактабии ноҳияи Лахш.
Ба андешаи мутахассис, омӯзиши саривақтии кӯдак ба хотири гирифтани таҳсили минбаъда заминаи асосӣ мегардад. Ба ин хотир, хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, нисбат ба тақдири ояндаи онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд. Дар ин муассисаҳо омӯзгорони касбӣ машғулият мегузаронанд, ки метавонанд раванди таълимро барои ҳар кӯдак шавқовар ва ҷолиб гардонанд. Илова бар ин, омӯзгорон пайваста самтҳо ва барномаҳои нави рушди кӯдаконро назорат мекунанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки танҳо маслиҳатҳои амалӣ ва муассирро истифода баранд.
Воқеан, имрӯз вақти он расидааст, ки волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар баробари омӯзгорон масъулият эҳсос намуда, ба хотири ояндаи дурахшони фарзанд саҳм гузоранд.
Г. САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»