"Духтарам! Чи қадар зебоӣ, роҳатбахшу таскиноварӣ, ба ин қалби муштоқи модарӣ. Нури чашму маънии ҳаётам. Чи хушбахтам, ки Худои бузург имкони болои сарат нишастан, хоби нозатро тамошогоҳи розу ниёзам кард. Шукр, ки бароят забони “оча!” гуфтанро додааст. Шукр, ки сабаби ба дунё бахшидани як инсони комилу солеҳро бар тақдири ман навиштааст.
Бо вуҷуди тифли кучак буданат, бо вуҷуди чанд солаке беш надоштанат, борҳо бо дастони хурди назифат оби чашмамро пок кардӣ. Бо нигоҳҳои ошиқонаат ба ҷони ман қувват бахшидӣ. Бо вуҷуди хурд буданат, рисолати зиндагиро дарк кардӣ. Аз он рӯз умедам додӣ, ки оби чашми ҳазорҳоро пок хоҳӣ кард, дасти ҳазорон афтодагонро хоҳӣ гирифт. Шукр, ки Холиқат ин шуурро бар ту насиб кардааст. Шукр!
Шабҳои дароз хоби ман бо нимбедориву назораи ту ширинтар аз хоби ҷавониям буд. Аз хоби роҳати ту хушбахтиям он қадар зиёд мешуд, ки шояд дар тамоми умр он лаҳзаро дигар дарнаёбам. Аз ин хушиву хушбахтӣ дарк кардам, ки модар будан – ин дар биҳишт будан аст. Чун бӯйи ҳастият аз боди саҳаргоҳони атромез, аз гулҳои хушбӯи садбаргу наргис ҳазорон бор хушбӯйтар буд.
Саҳаргоҳон бо ноз аз хоб хестану аввал маро садо карданат, боз дар хонаи меҳрам шуълае мепарварид. Чи қадар зебо садоям мекардӣ. Шукр, ки то ҳол садоям мекунӣ. Ончунон ба ман одат карда будӣ, ки лаҳзае набуданам бароят сангин буд.
Духтарам, маънии ҳаётам, туро хеле дӯст медорам".
Ин суханон, субҳи барвақти зодрӯзам, аз гӯшии телефон садо медоду ман, ки дастони гарму кӯчаки нахустфарзандамро бо ҳавас медоштаму дар оғӯш мегирифтам, аз ин сӯи гӯшӣ лол мондам. Мане, ки ҳамакнун рисолати модар будану маънии шабзиндадориҳоро дарк мекардам, натавонистам бо вуҷуди чанд маротиба духтарам гуфтанҳо, садо баланд кунам. Дар ҳамин лаҳза танҳо ба сарам ҳамин фикр омад, ки Худованд маро ба он хотир зан офарид ва ифтихори модар буданро дод, то ин ҳама аз худгузаштанҳоро дарк кунам.
Он рӯз аз таъсири ин суханҳо, ки худ тифл дар бағал дар чунин эҳсос будам, натавонистам ҳарфи зеботаре аз он бароят бигӯям. Акнун мегӯям, ки оча, бузург ҳастиву нотакрор, ҳалим ҳастиву меҳрубон. Аз наврасӣ то ба ҳол дар ҷустуҷӯйи роҳе будам, ки ризои шумо дар он аст. Ҳоло, ки Худои бузург модар буданро насибам кард, қалбу дарки зебои модариро ба ман дод, ин дам эҳсос кардам, ки барои модар ягона чиз ободу осуда будани фарзанд асту бас. Дигар аз фарзанд ягон тамаъ надорад. Ростӣ, намедонам чӣ гуна ин ҳисси модариро баён созам?
Хуб ёдам ҳаст, ки ҳар боре ба хотири мушкилот ё бемории мо фарзандон ашк мерехтӣ, манӣ сода ва бехабар аз қалби поку бекинаи модарӣ, ба шумо мегуфтам: “Оча, барои чӣ ин қадар худатонро нороҳат мекунед, ҳамааш мегузарад”.
Шумо боз ҳам бо ҳамон оромиву муҳаббати ба худ хос, посух медодед: “Духтарам, модар шав баъд мефаҳмӣ”.
Ман бо вуҷуди фарзандор шудан, боз ҳам нафаҳмидам, то оне, ки шабе ба хотири бемории писарам то саҳар нахуфтам.
Он шаб ба ман гуфтед: “Духтарам, дидӣ акнун модар будан чӣ масъулияте дорад? Ба хотири як лаҳза осуда будани тифл, аз баҳри ҳама чиз мегузарӣ. Аз ин рӯ, осуда бош, то қалби ман ҳам ором гирад”.
Баъд аз он шаб, дарк кардам, ки то охири умр бояд шабу рӯз бароят хидмат кунам. Осуда бош модарам, то қалби модарии ман ҳам ором гирад!
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”