Дар паси мошин ман, як пирамарду ҷавони тақрибан 15-16-сола ҷой гирифтем. Ба нисфи роҳ расида будем, ки чархи мошин сӯрох шуд. Ронанда ва ҷавони паҳлуи мо нишаста онро гирифта, ба қафо – ба шаҳр барои таъмир баргаштанд. Пирамард баъди чанде аз ину он сухан гуфтан тақдири ҷавонро, ки наберааш будааст, ба ман нақл кард...
Бахтиёр ва Саида, ки аз овони наврасӣ ба ҳам дил баста буданд, баъди хатми мактаб зуд тақдири худро бо ҳамдигар пайвастанд. Ҷавонон ҳоло аз зиндагӣ ва мушкилоти он хабаре надоштанд. Зиндагӣ онҳоро маҷбур кард, ки дар оилаи бузурги ҷавон мустақил буданро ёд гиранд. Бахтиёр, ки на маълумот дошту на соҳиби касби муайяне, зуд-зуд ҷойи корашро иваз мекард. Маблағе, ки аз корҳои муваққатӣ ба даст меовард, барои рӯзгузаронӣ кифоят намекард. Таваллуди фарзанд мушкилоти онҳоро дучанд намуд. Сарфи назар аз ин, Бахтиёр ҳамеша мекӯшид, ки зану фарзандаш аз чизе танқисӣ накашанд. Ҳарчанд ки ҷудоӣ аз онҳо хеле мушкил буд, ба муҳоҷират рафт. Аввал чанд моҳу чандсоле наомад. Баъд бо Саида ба чунин хулоса омаданд, ки якҷо ба Россия рафта, яке меҳнат карда пул ба даст ораду дигарӣ маишати хонадонро таъмин созад. Лек хушбахтии онҳо дер давом накард. Бахтиёр аз бинои баландошёнае, ки дар он кор мекард, афтода ҳалок шуд. Саида ва писари хурдакакаш ҷасади ӯро бо сад азоб ба Ватан оварданд. Маросимҳои азо, ки маблағи зиёдеро тақозо мекарданд, ҳоли онҳоро боз ҳам табоҳтар кард.
Саида ҳангоми дар Россия будан бо ошхонае ҳамкорӣ дошт. Аз кормандони он маҳсулоташро гирифта, ҳар гуна анвои хӯрданиҳои қаннодиро омода мекард. Баъди чанде маҷбур шуд, ки боз ба Россия баргашта, ба кораш идома диҳад, зеро дигар касе набуд, ки онҳоро саробонӣ кунад. Писараш Баҳманро гирифту озими Россия гардид. Хушбахтона, хонае, ки киро мекарданд, холӣ буд. Машаққати рӯзу шабҳои фироқ ва дурӣ аз Ватанро Саида бо кор сабук менамуд. Мекӯшид, ки писараш аз ҳеҷ чиз танқисӣ накашад. Баҳман эрка калон мешуд. Ӯ фикр мекард, ки ҳама чиз осон ба даст меояд. Чун дар мактаби махсус таҳсил дошт, агар аз ҳамсинфон чизе кам дошта бошад, модарашро таъна менамуд. Модар намедонист, ки бо писараш чи кор кунад. Насиҳату маслиҳати модар дигар ба фарзанд таъсир намекарданд. Писар ба айшу нӯш одат намуд. Аксари вақтҳо нӯшонӯшии бачаҳо ба ҷанҷол ҳам табдил меёфт.
Дар ғарибӣ касе аз наздикон набуд, ки ба модар дар тарбияи писар ёрӣ диҳад. Модар аз Худованд тавалло мекард, ки писарашро аз балоҳои заминиву осмонӣ нигаҳ дорад. Ин кораш писарро асабонӣ менамуд. Боре дар ҳолати дуо ба модар дарафтода, таҳдид ҳам намуд, ки ҳар рӯзе ӯ дуо кунад, кораш омад намекунад. «Аз рӯзе, ки ту ба дуо гузаштӣ, дигар маро барои корҳои озмоишӣ ба кабинети химия роҳ намедиҳанд. Дар ҷанҷолҳо бачаҳои мактаби ҳамсоя ба мо зӯр меоянд. Як бори дигар дастатро барои дуо бардорӣ, дастонатро мешиканам», – гуфт Баҳман ба модар. Модар аз ин хеле маъюс шуда, дастҳояш дар ҳаво муаллақ монданд. «Худоё, худат донотарӣ, моро дар паноҳи исмати худат нигаҳ дор!”, – гӯён илтиҷо намуд ӯ. Бо шунидани ин ҳарфи модар писар бошаст аз хона баромад. Ҳамин дам садои баланди афтидани чизе ва аз поғундаҳо ба поён афтоданаш ба гӯш расид. Саида саросема аз ҷой хест. Дарро боз намуда, дид ки писараш дар долони ошёнаи поёнӣ хобидааст. Зуд бо ёрии ҳамсояҳо ӯро ба беморхона бурда, ҷароҳатҳояшро бастабандӣ намуданд. Чанд рӯз натавонист ба мактаб равад. Модар низ аз назди фарзанд дур намешуд.
Баъди чанде фаҳмиданд, ки ҳамон шаб ҳамсинфони Баҳман бо бачаҳои мактаби ҳамсоя ба ҳам дарафтодаанд. Ба рӯи чанд кас кислота рехта, устухонҳои дигаронро бо корду занҷир «майда» кардаанд… Писар пас аз шунидани ин суханҳо дастони ризқофарини модарро гирифта бӯсиду иқрор шуд, ки агар дуои вай намешуд, шояд ӯ ҳам ҳоло ё дар бемористон буд, ё дар маҳбас…
Ронанда ва ҷавон омада расиданд. Онҳо зуд чархро дар ҷояш насб карданду ба роҳамон идома додем. Писар ба деҳ, барои зиёрати қабри падар мерафт…
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»