Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ зербинои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, доираи фарохи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Маҳз баъд аз қабули Конститутсия дар соли 1994 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Шуруъ аз ҳамон замон Тоҷикистон ба ҳайсияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба таври ому том арҷ гузошт.
Бидуни тардид, ҳар касе, ки ба масъалаи зарурати эъмори асноди меъёрӣ бархӯрд мекунад, ба худ суоле мегузорад, ки кадоме умдатар, кадоме аз лиҳози нуфузи юридикӣ волотар аст – Конститутсия ё меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, дар сурати ихтилофи меъёрҳо кадоме аз санадҳои меъёриро бояд татбиқ намуд. Ин масъала, имрӯз низ, аҳамияти хосаеро касб карда, муҳим боқӣ мондааст, чунки адами танзими саҳеҳ гуногуннавъӣ, мухталифтаркибӣ, ихтилофоти амалияи судӣ ва ҳуқуқтатбиқкуниро ба бор меоварад.
Конститутсия – ин қолиби мавзун ва ҳамзамон мазбути кулли низоми ҳуқуқӣ буда, бояд ҳам субот ва ҳам раванди муътадили рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд. Як вижагии Конститутсияи Тоҷикистон аз он иборат аст, ки он масъалаи таносуби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи дохилидавлатиро ҳал кардааст. Нақши муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ кунун дар матни Конститутсия зикр мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кишвари мо риояи бечунучарои шартномаҳои байналмилалиро тарҷеҳ дода, пуштибонии худро аз принсипи бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ – принсипи иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ тасдиқ намудааст. Яъне, Тоҷикистон муҳимияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, ҷиҳати риояи онҳо худро низ муваззаф донистааст.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ мушкилоти ҷиддии номутобиқатӣ надорад. Чунончи, мутобиқи моддаи 10 Конститутсия: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Моддаи мазкурро маънидод карда, мутахассисон бар он назаранд, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ зербинои кулли ҷанбаҳои қонунтирозии кишварро ташкил медиҳанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки дар ҳамин модда ишора шуда, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».
Дар моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ҳамчунин «дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.»
Қобили зикр аст, то он ки санади ҳуқуқии байналмилалӣ вижагии “эътирофшуда”-ро касб кунад, бояд се марҳаларо гузарад: 1) мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад; 2) мувофиқи моддаи 57 Конститутсия аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шавад; 3) мувофиқи моддаи 10 Конститутсия танҳо пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор бигирад.
Дар бобати таносуби меъёрҳои Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳарф зада, барои мо ҳалли он масъала муҳим аст, ки дар ҷойи аввал соҳибихтиёрии кишвар қарор мегирад ва ё “амнияти ҳамаҷонибаи ҷаҳонӣ”-и ваъдашуда дар санади байналмилалии ба ҳамагон маъмул – Оинномаи СММ. Агар ба таҷрибаи соири мамолик назар афканем, тазаккур мебояд, ки дар ИМА Конститутсия дар марҷаи аввал мебошад ва санадҳои байналмилалӣ мутааллиқ ба он. Дар Фаронса бошад, нақши ҳуқуқи байналмилалӣ баланд аст, агарчи дар Конститутсия вобаста ба ин мустақиман навиштае вуҷуд надорад. Конститутсияи баъзе кишварҳои Африқо афзалиятро на ба ҳуқуқи байналмилалӣ, балки ба Оинномаи СММ додаанд.
Қобили зикр аст, ки 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Париж Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул карда шуд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба ҳуқуқи ҳалими (навозишкоронаи) байналмилалӣ дохил мешавад. Худи номаш аз ин гувоҳӣ медиҳад. Эъломия – ҳуҷҷати байналмилалиест, ки неруву нуфузи ҳатмият надорад. Ин танҳо муроҷиати СММ ба тамоми давлатҳост, ки низоми ҳуқуқии худро тавре бунёд созанд, ки ҳар як инсон дар давлат замонати ҳимояи ҳуқуқҳои хешро дошта бошад.
Пас, барои чӣ дар ҷаҳони муосир ба ин ҳуҷҷат таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад? Барои чӣ дар раванди омӯзиши ҳуқуқи инсон на ба паймонҳо ва конвенсияҳо, ки ба ҳуқуқи байналмилалии дурушт дохил мешавад, балки ба Эъломия асосан такя карда мешавад? Посухи ин ва дигар саволҳо дар худи Эъломия дарҷ ёфтаанд.
Дар моддаи 1 он баён гаштааст: “Ҳамаи одамон озод зода шуда, эътибор ва ҳуқуқи баробар доранд. Онҳо дорои хирад ва виҷдон буда, бояд нисбат ба ҳамдигар дар руҳияи бародарӣ рафтор намоянд.” Ин модда чиро ба хотир меоварад? Хирад ва виҷдон, муносибат дар руҳияи бародарӣ – ин арзишҳои равонию ахлоқӣ ҳам дар тамоми таълимоти динӣ, ҳам дар кодекси бинокори коммунизм ва ҳам дар ҳуҷҷати байналмилалие, ки кулли ҳуқуқи байналмилалӣ ба он асос ёфтаанд, дарҷ гардидааст. Ин арзишҳои равонию ахлоқӣ ғояи асосии ҳамаи моддаҳои Эъломия мебошанд ва азбаски арзишҳо абадиянд, эъломияи умумӣ, новобаста ба солхӯрда будан, муҳимияти худро гум намекунад.
Маҳз дар ҳамин модда дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи инсон, ки ба ҳар як одам аз рӯзи таваллуд дода шудааст, сухан меравад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои инсон, ки дар Эъломия баён гардидаанд, пеш аз ҳама, дар Конститутсия таҷассум ёфтаанд. Боби дуюми Конститутсия – «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дошта, дар он ҳамаи ҳуқуқу озодиҳое, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд, инъикос ёфтаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлат бо қатъият мақсад дорад низоми ҳуқуқиро тавре созад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон замонат дода шаванд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми апрели соли 2013 ба ҳамин маънӣ таъкид шудааст: “Мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишварамон сиёсати давлати худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таҳия ва роҳандозӣ намоем.”
Усмоналӣ ХОЛИҚЗОДА, прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон