Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он намояндагони гуногуни сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Конфронс бо паёми табрикотии Озода Раҳмон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, зикр шуд, ки Конститутсия тавассути танзими муносибатҳои ҷамъиятии муайян, пешбинии вазифаву уҳдадориҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши сазовор гузошт. Инчунин, он дар низоми қонунгузорӣ ҳуҷҷати заминавӣ ба ҳисоб рафта, доира ва хусусияти танзими давлатиро дар соҳаҳои асосии ҷамъият муайян менамояд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии қонунгузории мамлакат ба шумор рафта, дар такмили қонунгузории миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ нақши асосиро доро мебошад.
Фирдавс Ҳаётзода, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, то дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон пайдо гардида, сиёсати дохилию хориҷиро мустақилона амалӣ намояд ва ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона шуд ва дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Бояд гуфт, ки расидан ба ин мақсадҳои бузург танҳо баъд аз Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат давлатдории миллӣ эҳё гардид. Ҳамзамон, принсипҳои асосии он дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ таҷассуми худро пайдо намуданд.
Ба таъкиди Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ, ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. – Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳама тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин, қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд, – изҳор дошт Зариф Ализода.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зикр намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим ва калидӣ аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати мамлакат аз 22-юми августи соли 1997 «Дар бораи баъзе аз чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030».
– Мақсади асосии ин барномаҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкил намудани механизми самаранокии ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад, – гуфт Музаффар Ашуриён.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”