Абдулмаҷид Кудиев – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон
28-31-уми октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ дар вазнҳои ғайриолимпӣ доир гашт.
Дар мусобиқа варзишгарон дар чорвазнии равияҳои юнонӣ-римӣ, тарзи озод ва гӯштии бонувон, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нест, зӯрозмоӣ намуданд. Ҷумҳурии моро дар гӯштии тарзи озод Абдулмаҷид Кудиев (-70 кг) ва Магамед Евлоев (-79 кг) намояндагӣ карданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар се давр бар намояндагони Муғулистон, Булғористон ва Эрон дастболо гашта, дар нимниҳоӣ аз Нурхоҷа Кайпанови қазоқ, ки медали тилло гирифт, шикаст хӯрд. Сипас, паҳлавони мо барои медали биринҷӣ Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дод. Медали нуқраро дар ин вазн Йошиносуке Аоягӣ (Ҷопон), медали дуюми биринҷиро Иналбек Шериев (тими бетараф) ба даст оварданд.
ФУТБОЛ
«Истиқлол» бори сездаҳум чемпиони Тоҷикистон шуд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 48 хол ба даст оварда, барои дигар рақибон дастнорас шуд ва пеш аз муҳлат унвони чемпиониро байни дастаҳои лигаи олӣ соҳиб гардид.
Барои «Истиқлол» ин сездаҳум медали тилло дар таърихи мавҷудияташ аст. Қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.
Дар бозиҳои минбаъда «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Ҳосилот»-и Фархор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор вомехӯрад.
CAFA – беҳтарин ассотсиатсияи минтақавӣ
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар шаҳри Сеули Корея беҳтаринҳои футболи қораро эълон кард.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, соли дуюм аст, ки беҳтарин ассотсиатсияи минтақавии Осиё эътироф мешавад.
CAFA соли 2024 дар шаҳри Душанбе Чемпионати футзали бонувон (феврал), Чемпионати футболи бонувони то 18-сола (апрел) ва то 15-сола, чемпионати футболи наврасони то 17-сола (август) ва дар Ҷалолобод (Қирғизистон) Чемпионати футболи ҷавонони то 20-сола (июл), дар ҳар шаш кишвари узв Фестивали футболи Наврӯз, инчунин барои мураббиёну доварон семинарҳои омӯзишӣ доир намуд.
Дар маросим Акрам Афиф (Қатар) беҳтарин бозигар миёни мардҳо, Кико Сейке (Ҷопон) беҳтарин бозигар миёни бонувон, Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) беҳтарин бозигари футзал, Го Оива (Ҷопон) беҳтарин мураббии тимҳои мардона, Парк Йонг-Ҷонг (Ҷумҳурии Корея) беҳтарин мураббии тимҳои бонувон эътироф гаштанд.
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо АМА бозиҳои дӯстона доир мекунад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 моҳи ноябр бо тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Рақобати санҷишии якуми дастаҳо 15-уми ноябр, дуюмаш 18-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои олимпӣ 1-9-уми сентябри соли 2025 доир хоҳад гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”