Ту барои ман муқаддасӣ, аё Модар! Бо шири сафедат маро парварида, калон кардӣ. Вақте ки барои ман алла мегуфтӣ, оромиши гуворое фароям мегирифт. Аллаҳои ту бароям нахустин сурудҳои ватандӯстона ва раҳнамо дар зиндагӣ буданд. Орзуҳову дуоҳои некат ҳамеша ёвару мададгорам буданд. Модар, ту мураббӣ ва омӯзгори нахустини ман дар зиндагӣ ҳастӣ. Талаффузи аввалин калимот ва мондани қадамҳои нахустинро аз ту омӯхтам. Худ бедорхобӣ мекашидию маро бо хоби нозам ором мекардӣ. Ту меҳрубону ғамхори манӣ! Монанди ту касе нест, ки ба дарду ранҷҳои ман расидагӣ намояд ва онҳоро дармонбахш бошад. Ту ягона доваре ҳастӣ, ки иштибоҳоту гуноҳҳои маро мебахшӣ ва дар ҳама ҳолат дарк менамоӣ.
Дастагули гулистони ҳамешабсабзу ҳамешабаҳори манӣ, аё Модар! Вуҷуди ту биҳиштест, ки хазон надорад. Ту фариштаи заминӣ ва баъд аз Худованд атобахшандаи ҳаётӣ. Оғӯши гарму суханҳои самимӣ, навозишҳо ва меҳрубониҳову муҳаббатҳои ту ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда нахоҳанд гашт.
Бе ту ҳаёти ман рӯшноӣ ва маъное надорад. Бе ту гӯё беболу парам, аё Модар. Ман ҳамеша пазмони гармии дастони бомеҳру муҳаббати туям, Модар! Муҳаббату садоқат, шуҷоату шарофат ва вафодориву ватандӯстӣ аз сиришти ту маншаъ мегирад. Ҷонам фидои ҳастият, Модар! Ту файзу нури хонадони манӣ! Бароям азизу гиромӣ ҳастӣ Модар. Ту баҳори бехазонӣ! Некандешу поксириштӣ, аё Модар! Бо муҳаббати ту олам зебо ва шукуфон аст. Дар васфи ту чӣ қадар сухан гӯям кам аст. Ман саршори муҳаббатҳою меҳрубониҳои туям. Рӯйи муборакатро мебӯсаму, аз даргоҳи Яздони яктову пок бароят сиҳатмандию умри бобаракат ва болидахотириву хушрӯзиро металабам.
Гулҳои хонадон бо дастони эъҷозкоронаи ту ҳамешасабзанду ҳеҷ гоҳ хазон намешаванд. Дар мушкилтарин лаҳазоти зиндагӣ бо ҳастият ба қалбҳо қуввату дармон мебахшӣ. Як табассуми малеҳи ту ба дилҳо шодиву сурур мебахшад. Муътабару беҳамто ва раҳнамову мушкилкушоӣ, росткории ман аз ростқавлии туст, Модар!
Шерзод КОМИЛӢ, омӯзгори
МТМУ №24 ба номи Чӯлибой Комилов, шаҳри Истаравшан