Иқтисодиёти конститутсионӣ дарки зарурати ҳалли муаммоҳои танзими давлатиро, ки на танҳо аз ҳадафҳои иқтисодӣ, балки аз воқеияти таркиби конститусионии давлат бармеояд, тақозо менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳаёти ҷомеа равандҳои объективии тағийроти сифатӣ сурат гирифта, дар миёни ин тамоюлҳо тағийроти прогрессивӣ ва ё пешрав тадриҷан самти афзалияток мегирад. Давлат бештар ба неруи ташкилдиҳандаи ҷомеа табдил ёфта, манфиати ҷомеа ва аъзои онро, ки дар Конститутсия дарҷ шудааст, ифодаву ҳифз мекунад.
Масалан, дар моддаи 12 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”. Ташаккул ва инкишофи шаклҳои мухталифи моликият ва бахусус моликияти хусусӣ, маҳсули густаришу такмили ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Шаклгирии иқтисодиёти омехта, ҳамзистӣ ва рушди баробари моликияти давлатӣ, саҳомӣ, гурӯҳӣ, кооперативӣ, фермерӣ, инфиродӣ ва ғайраҳо ба мазмуни моликияти хусусӣ ва инфиродӣ хусусиятҳои сифатии нав бахшидааст. Метавон гуфт, ки раванди гузариши моликияти аққалҳо ба моликияти аксариятҳо сурат гирифта, дар натиҷаи дигаргуншавии эволютсионӣ муносибатҳои моликият моҳияти иқтисодиву иҷтимоии давлат, ҳадаф ва вазифаҳои он низ сифатан тағийр ёфта истодааст. Ҳадафи бунёди шароити ниҳодӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳамзистии баробари шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ ин рушди соҳибкорӣ ва рақобати солим дар иқтисодиёт мебошад.
Дар моддаи 32 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва муҳити мусоид барои рушди соҳибкории хурд фароҳам омадааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 дар ин бора ишора карданд: “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардондани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид”.
Бояд қайд намуд, ки инкишофи суръатноки соҳибкории хурд дар мамлакат пас аз солҳои 2000-ум ба чашм мерасад. Афзоиши теъдоди онҳо бо равандҳои эволютсионӣ, сатҳи мутобиқгардии аҳолӣ ва хонаводаҳо ба шароити нави хоҷагидорӣ, ҳамзамон, бо густаришу такмилёбии муҳити беруна (таркиби ниҳодӣ) алоқаманд аст. Саҳмгузории соҳибкории хурд дар таъмини сиёсати иҷтимоии давлат, умуман, баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, беҳдошти ҳаёти мардум мушоҳида мешавад. Муҳимияти иҷтимоиву иқтисодии масъалаи рушди соҳибкории хурд дар он аст, ки пайваста бо афзудани миқдори онҳо на танҳо масъалаи ташаккул ва инкишофи қишри миёнаи ҷомеа, балки тақсимоти адолатонаи захираҳо ва даромадҳо миёни субъектҳои иқтисодӣ сурат гирифта, сатҳи деференсиатсияи даромадҳо ва нобаробарии тақсими даромадҳо дар ҷомеа паст мешавад. Таъсири манфии монополияи иқтисодӣ ва ё монополияи сармоя, ки омили боздорандаи рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамалакат мебошад, муътадил мегардад. Ҳамин тавр, нақши навоварии соҳибкории хурд ва аҳамияти иҷтимоии он чун субъекти фаъоли иҷтимоӣ трансформатсияи ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки дар амал як қатор вазифаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ татбиқ гардад.
Аброр МИРСАИДОВ,
муовини директори Институти
иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор