Агар мо тамоми муқаддасоти миллӣ ва давлатии худро пеши назар орем, он гоҳ хоҳем дид, ки, бешак, яке аз аслитарин ва асоситарини онҳо Конститутсия хоҳад буд. Конститутсия дар таъини сарнавишти миллат ва тазмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, паймудани масир ба сӯйи ояндаи босаодату дурахшони давлату миллати мо нақши басо бузург дорад. Он тақдирномаест, ки миллати шарифи тоҷик бо дасти худ навишта ва бо раъйи худ таъкиду тасдиқ намудааст.
Ин нукта қобили ёдоварии махсус аст, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва такмили Конститутсия басо бузург мебошад. Дар баробари ин, кафили риояи муқаррароти ин қонуни муқаддас будан аз рисолатҳои аслиест, ки онро Пешвои миллат бо камоли масъулият анҷом додаву анҷом медиҳанд.
Дар моддаи 41 Конститутсия гуфта шудааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассиаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад”.
Яъне шаҳрвандон новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва мансубияти милливу нажодиву динӣ ҳуқуқ доранд, ки ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таҳсили илм кунанд. Ин, агар аз як сӯ, арҷ гузоштан ба илм ва илмомӯзӣ бошад, аз сӯйи дигар, ҳисси ғамхорӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Аз бастагӣ ба ин меъёр метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар авлавияти барномаҳои стратегии худ қарор додааст.
Пас аз қабули Конститутсия дар мамлакат шароит фароҳам омад, ки раванди истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ маҷрои нав гирифта, ваҳдати миллӣ таъмин карда шавад, суботу амният барқарор гардида, мамлакату мардуми он ба сӯи ҳаёти осоишта қадамҳои устувор гузоранд ва аз пайи амалисозии меъёрҳои конститутсионӣ бошанд. Яъне бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия имконияту шароит фароҳам омада, мардум бо истифода аз фазои сулҳу оромӣ ва суботу осоиш марҳала ба марҳала ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ интихоб намуда, дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳм гузоштанд ва умед ба фардои дурахшонро дар қалбҳои худ дубора эҳё сохтанд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 30-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.
Мо ва наслҳои оянда бояд дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, ба заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷ гузорем ва ҳамеша ба амалҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон пайравӣ намоем.
Ғ. САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод