Хабар гиред аз модар, амонат ҷони ларзонаш,
Хабар гиред аз модар, ғанимат ишқу имонаш.
Ба пешаш чанд биншаста, хумори меҳр бишкаста,
Зи чашмаш бӯсаҳо гиред, аз чашмони пазмонаш.
Модар, сарчашмаи ҳаёт ва зеботарин олиҳаи фарзанд. Ҳар як шахс худро дар набудани модар нороҳат ҳис мекунад. Инсон аз рӯзе, ки таваллуд мешавад, чашм накушода, бӯйи модарро ҳис мекунад ва аз бӯяш мефаҳмад, ки ин модари ӯст.
Дар хотирам навори кӯдакӣ мечархад. 6-сола будам, модарам нияти ба шаҳри Душанбе сафар кардан дошт. Мани хурдсол ҳам хурсандӣ мекардам ва мегуфтам: маро ҳам бо худ бар. Дар ҳамин лаҳза аз "оинаи нилгун" барнома дар бораи уштурҳо ҷараён дошт. Модарам барои он ки наранҷам, бо лутфу шӯхӣ гуфт: “Думи уштур, ки ба замин расид ман туро ба Душанбе мебарам”. Ин гапро ҷиддӣ қабул кардам, модар ба шаҳр рафт, аммо думи уштур ҳеҷ ба замин намерасид...
Аз он рӯзе, ки модар дар паҳлуям набуд, худро нороҳат ҳис мекардам. Гӯё узв-узви баданам дард мекард. Хумораш мегирифт. Пинҳон аз аҳли оила ба як кунҷи хона гузашта, ягон либоси модарро мегирифтаму бӯ мекашидам, мегиристам, алами дурии модарро аз пироҳан мегирифтам, ашкҳоямро пок карда боз зиндагиро идома медодам.
Бузургии модар дар ин аст, ки, ҳатто, ду-се рӯзи набуданаш ба солҳо баробар мешавад. Ҳоло фикр мекунам, ки чанд рӯзи дар шаҳр буданаш ба ман чӣ қадар сахт расида буд.
Мактабхон шудам. Нахустин қадамҳое, ки ба мактаб мемонем, бештари мо бо ҳамроҳии модар дар ёд дорем. Ёдам нест, аммо хоҳарбузургони ман нақл мекунанд, ки банда ба хотири сафед будани мӯҳои модар нахостаам бо ӯ ба мактаб равам. Гӯё шарм доштаам. Ҳатто, хархаша кардаам, ки бо хоҳарҳоям мераваму бо ту не.
Барои чунин ҳарфҳо нисбат ба мӯйи сафеди модарҷон то ҳанӯз худро намебахшам. Аз рӯзе, ки худро мешиносам зори мӯйи сафеди модари меҳрубонам ҳастам. Маҳз ҳамон мӯйҳои сафедаш ӯро ба ман азизтару наздиктару дилсӯзтар мекунанд.
Баъди хатми муассисаи таълимӣ, хостам таҳсилро дар шаҳр идома диҳам. Бо розигии падару модар ба шаҳри Душанбе бояд меомадам. Дар вақти хайрухуш модарро ба оғӯш гирифта, бо ҳазл гуфтам: модарҷон думи уштур ба замин расид, ман ба Душанбе меравам. Модарам лабханд заду ашк дар чашмонaш ҳалқа зад. Ба Душанбе расидам, таҳсил оғоз шуд, вале шаҳр ба ман маъқул нашуд. Барои чӣ? Модарам дар паҳлуям набуд. Он рӯзҳои бо модарам гузарондаро ёд карда, сахт дилтанг мешудам.
Вақте аз мактаб меомадам, аввал модарро мекофтам, то ӯро набинам, либос иваз намекардам. Агар дар хона набуд, бо овози баланд “Мо, мо, мо” дар куҷоӣ? – гуфта, ӯро меҷустам. Дар Душанбе аз донишгоҳ, ки бармегаштам, дари хонаро мекушодам, ҳеҷ кас набуд, ҳама аз пайи кори хеш. Бо чашми дил модарҷонамро медидам.
Дар оила ман фарзанди аз ҳама хурдиям. Модарам Руқия Мавлонназарова, ин зани бузургу сабуру дарёдили тоҷик 11 фарзанд ёфта, соли 1983 унвони он замон баланди “Қаҳрамонмодар”-ро аз Иттиҳоди Шуравӣ гирифтааст. Бо як меҳру муҳаббат, самимият ва, албатта тарбияи баланди инсонӣ, ҳамаашон дорои маълумоти олӣ ба воя расондааст.
Шояд бо сабаби аз ҳама хурд будан, модар маро мисли кӯдак меҳрубонӣ мекунад ва ман ҳам ба модарам меҳри беандоза дорам. Ҳар рӯз ба тариқи телефон бо ӯ суҳбат мекунам, агар як рӯз овазашро нашунавам, дилам бетоқат мешавад.
Ҳар сол дар рухсатии меҳнатӣ азизи диламро хабар мегирам, имсол, ки як кори зарур пайдо шуд, ба дидораш нарафтам. Хотирҷамъ будам, ки хоҳари дигарӣ дар бараш аст, аммо ӯ ба Рӯшон наомадани маро дар соли 2024 фаҳмидаст. Зангам заду гуфт:
– Барои чӣ намеоӣ?
– Модарҷон, кори заруре пеш омад.
Бо як алам оҳ кашиду посух дод: – Модар, ки пир шуд, дигар ба ҳеҷ кас даркор намешудаст...”. Ва телефонро кушт. Модарҷон, модарҷон... гуфтаму дигар аз он тараф овозе наомад. Бори дигар занг задам. Телефонро хоҳарам гирифту аз гиряи аламноки модар хабар дод. Сахт нороҳат шудам, ҳамон шаб хоб аз чашм парид. Ба худ мегуфтам, ки барои чанд лаҳза дар телефон модар посух надиҳад, ин қадар одам азоб мекашад, агар аз бари мо барои ҳамеша сафар кунад, чӣ кор мекунем? Дилам фишурда шуд, шукр гуфтам, ки модарам зиндаву саломат аст. Шаби дароз бо хаёлаш суҳбат карда, ба хулосае омадам, ки бояд пеши он бузургвор равам.
Субҳи босафо ба модарҷон занг задаму ҳол пурсидам. Ӯ гуфт: “Нафаскашиам бад аст”. Аз ин сӯ бо шодӣ посух додам, ки озодона нафас кашидан гир, дар кӯтоҳтарин фурсат дар барат хоҳам буд. Модари қаҳрамонам мисли кӯдакон хурсанд шуд. Намедонам, ки ӯ бештар хурсанд буд ё ман...
Мафтунаи БАХТИБЕК,
“Ҷумҳурият”