Чанде пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вилли Кемпел мулоқот намуд.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории амалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризму паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) табодули назар намуданд.
Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамкории муфиди Бонки миллии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо қаноатмандӣ саҳми ин ниҳодро дар таҳкими низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО назаррас арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои муҳим дар доираи кумаки техникии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маҳсуб гардида, интизор меравад, ки ҳисоботи он дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО тасдиқ хоҳад шуд.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар баробари хавфҳои МҚД/МТ/МПСҚО, масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили таъсири офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо ва ғайраҳоро зикр намуд. Инчунин, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо, инчунин, доир ба самтҳои дигари ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд ва дар татбиқи онҳо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омодагии хешро иброз намуд.
“ESG - ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ КИШВАР”
Бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (WB-IFC), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, дафтари USAID дар Тоҷикистон, “Accelerate Prosperity”, IFAD ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии молиявӣ таҳти унвони “ESG - ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи Форум муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, директори дафтари Швейтсария, Консули консулгарии Швейтсария дар Тоҷикистон Саломе Штайб, директори Дафтари рушди иқтисоди USAID Агата Сектор, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мералӣ Бодуршозода, роҳбари Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов ва директори департаменти молияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев доир ба рӯзмарра будани мавзуи Форум, таҳияи санадҳои дахлдор вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG), ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, таҳияи нақшаи гузариш ба ҷанбаҳои сабз, рушди бозори вомбаргҳои сабз, ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории устувор тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Дар маросими тантанавӣ ба як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандони фаъол ва собиқадори низоми бонкии кишвар Гулбаҳор Назирӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ифтихорнома ва нишони Аълочии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории Тоҷикистонро тақдим намуд.
Бояд зикр намуд, ки кори Форум дар ду қисм ҷараён гирифт ва дар бахши ҷаласаҳои пленарӣ мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, молиявии қарзӣ ва ширкатҳои рақамии кишвар оид ба мавзуъҳои “ESG – масъалаҳои ҷорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин дар сармоягузории масъулиятнок”, “Парадигмаи нави ESG дар стратегияи сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, вазъи кунунӣ ва рушди минбаъда дар Тоҷикистон”, “Инноватсия дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ ба корхонаҳои хурду миёна – ҳамчун омили ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор” ҳарф зада, аз таҷрибаҳои худ ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ, корпоративӣ (ESG) бо иштирокдорон табодули назар намуданд. Дар бахши муҳокимаҳои панелӣ мавзуъҳои рушди маблағгузории сабз дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон, маҳсулоти муосири молиявӣ барои рушди устувор, финтех – ҳамчун омили рушди сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ва ҷавонон дар асоси принсипҳои ESG – стратегияи дарозмуддат барои бунёди тиҷорати муваффақ ва устувор бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи беҳтарин барои Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”