Бисёр одамон аҳамияти ҷангалро нодида мегиранд. Ҳол он ки ҷангалҳо яке аз муҳимтарин экосистемаи рӯйи Замин ба ҳисоб рафта, оксигенро таъмин, иқлимро танзим, гуногунии биологиро дастгирӣ мекунанд ва ҷойи зисти ҳайвоноти гуногуну наботот мебошанд.
Аммо солҳои охир бар асари омилҳои гуногуни табиию таъсири фаъолияти одамон ҷангалзор зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст. Дар саросари ҷаҳон яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба ҷангалҳо, фаъолияти хоҷагии кишлоқ мебошад, зеро дар бисёр кишварҳо рушди хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби ҷангалҳо сурат гирифта, субъектҳои хоҷагидор ба азхудкунии заминҳои ҷангал мекӯшанд. Махсусан, дар мамлакатҳои Бразилия ва Индонезия заминҳои ҷангалро плантатсияҳои лӯбиё ва чарогоҳҳо барои чорво иваз мекунанд. Дар кишвари мо соли 2023 майдони заминҳои ҷангал 422,7 ҳазор гектарро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2010-ум 14,7 ҳазор гектар зиёд мебошад. Аммо бисёри заминҳои хоҷагии ҷангал аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ аз худ карда шудаанд, ки вазифаи муҳофизатии худро иҷро намекунанд.
Дигар омиле, ки ба камшавии ҷангалҳо дар ҷаҳон мусоидат менамояд, саноати истихроҷ мебошад. Барои мисол, дар ҷангалҳои тропикӣ, ба монанди ҷангали атрофи дарёи Амазонка ва Африқои Марказӣ, нобудшавии оммавии ҷангал барои истихроҷи нафт, газ, тилло ва дигар захираҳо ба мушоҳида мерасад.
Васеъ гардондани шаҳрҳо ва бунёди роҳҳо, сарбандҳо ва дигар инфрасохтор аксар вақт аз ҳисоби нобудшавии ҷангалҳо ба амал омада, мушкилоти аз даст додани минтақаҳои табииро шадидтар мекунанд. Ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 10 миллион гектар ҷангал бурида мешавад.
Ин раванд на танҳо боиси аз байн рафтани гуногунии биологӣ мегардад, балки тағйирёбии иқлимро боз ҳам шадидтар мекунад, зеро дарахтон обанборҳои табиии карбон маҳсуб меёбанд.
Проблемаи сӯхтори ҷангал низ як таҳдиди ҷиддии экосистемаи ҷангал мебошад. Сӯхтор метавонад табиӣ бошад ё дар натиҷаи фаъолияти инсон сурат гирад. Тағйирёбии иқлим, аз ҷумла болоравии ҳарорат ва хушксолии зуд-зуд, боиси сар задани сӯхтор мегардад.
Нобудшавии ҷангал барои экосистема ва иқлим оқибатҳои нохуш дорад. Дар ҷангалҳо тақрибан 80 дарсади тамоми намуди ҳайвонот ва набототи рӯйи Замин ҷойгир буда, нобуд шудани ҷангал боиси аз байн рафтани захираҳои табиӣ, афзоиши партовҳои CO2 ва суръатбахшии тағйирёбии иқлим мегардад. Ҷангалҳо ба танзими гардиши об тавассути нигоҳ доштани намӣ дар атмосфера ва мусоидат ба ташаккули боришот кумак мерасонанд. Талаф ёфтани заминҳои ҷангал ба хушксолӣ ва биёбоншавӣ оварда мерасонад. Акнун дарк метавон кард, ки моҳият ва зарурати ҳифзу нигоҳдории ҷангалҳо то кадом андоза муҳим аст ва ҳаёти одамону олами ҳайвоноту наботот аз он вобастагӣ дорад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»