Панҷакент аз ҷумлаи он шаҳрҳои кишвар мебошад, ки, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи сартосарии кишвар, ҳар лаҳза чеҳраи худро ҳамчун шаҳри муосиру замонавӣ ва ҷолиб бо сохти меъморӣ тағйир медиҳад. Имрӯз сафар кардан ба Панҷакент тавассути роҳҳои ҳамвору ҷавобгӯй ба талаботи замон мумфаршшуда ба кас фараҳ мебахшад.
Воқеан, ҳоло дар тамоми ҳуҳуди кишвар авҷи сохтмон ба мушоҳида мерасад ва дар ин радиф роҳсозӣ низ мақоми махсус пайдо кардааст. Хусусан, соли равон роҳсозон ҷиҳати иҷрои рисолати хеш ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил мешаванд. Ҳоло на танҳо роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта, балки роҳҳои даруни рустову байни маҳаллаҳо пурра навсозиву таъмир ва ба гаштугузори пиёдагардону нақлиёт басо мувофиқ мешаванд.
Муҳаммадраҳим Пиров, сардори идораи роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент, зимни суҳбат гуфт, ки таъмиру навсозии иншооти дорои аҳамияти гуногуни иқтисодидошта дар Панҷакенти бостонӣ дар авҷ аст. Соли равон дар ҳамаи деҳоти шаҳри Панҷакент зиёда аз 16 километр роҳ ҷавобгӯй ба талаботи замон мумфарш шуд ва ин раванд рӯз ба рӯз миёни мардум вусъати тоза касб мекунад.
– Мардуми маҳал дарк кардаанд, ки роҳҳои таъмиршуда ба кас табъи болида ва ба деҳаҳо ҳусни нав зам мекунанд, аз ин рӯ, ба ободонии диёр камари ҳиммат бастаанд. Дур нест он солҳо, ки ҳама роҳҳои пиёдагарду мошингарди мо низ чун дигар кишварҳои пешрафта ободу зеботар мегарданд, – бо қаноатмандӣ мегӯяд Муҳаммадраҳим Пиров.
Дар самти бунёди иншоот: корхонаву биноҳои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ низ имрӯз Панҷакент аз дигар мавзеъҳои кишвар ақиб нест. Хусусан, ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент зиёда аз 1000 иншооти гуногуни хурду калони истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва хизматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд. Тибқи нақшаву чорабиниҳои тарҳрезишуда, то моҳи октябри соли равон дар ҳудуди Панҷакент сохтмони 84 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки қисми зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода биноҳои истиқоматии нуҳошёна бо тарабхона, маркази дандонпизишкию дигар намуди хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ба истифода дода шуданд, ки симои шаҳрро куллан тағйир дод. Ҳамзамон, дар ин фосилаи вақт бинои беморхонаи минтақавӣ тариқи ҳашар дар деҳаи Чорбоғи деҳоти Косатарош, пули калони мошингард бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи деҳоти Суҷина, бинои 7-ошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар кӯчаи Навободи шаҳр, майдончаи варзиш дар деҳаи Некнот, кӯпруки замонавӣ бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи деҳаи Шинг ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд. Айни замон сохтмони беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсар ва мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Боғчаи деҳоти Шинг босуръат идома дорад.
Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Панҷакент Раҳматулло Ҷумъаев, аз тарафи соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ва ширкатҳои алоҳида сохтмони зиёда аз 35 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Ҷовиди АШТӢ, ”Ҷумҳурият”