10-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамин рӯз Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Амири минтақаи Риёз шоҳзода Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сауд ва дигар намояндагони воломақоми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона пазироӣ карданд.