11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона пазироӣ карданд.