Бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми ноябри соли 2024 дар мақомоти гумрук бо иштироки сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мӯсоева ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Хуршед Каримзода нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ заруру калидӣ хонд. Зикр гардид, ки нақш ва аҳамияти қабули Қонуни асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам овард ва низому тартиботро дар ҷомеа барқарор сохт. Агарчи миллати тоҷик ба ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия расид, вале паёму башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан намуд. Ин аст, ки қабули Конститутсия ҳамчун яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба ин санади сарнавиштсози миллат маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Ба андешаи маърузакунандагони ҳамоиш бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан, бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани меъёрҳои он ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас дониста, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандии худро хуб анҷом хоҳад дод.
Дар фазои тантанавӣ Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, панҷ нафар корманди Хадамоти гумрукро бо медали мақомоти гумруки хориҷа: “10-солагии таъсисёбии мақомоти даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон” сарфароз намуда, изҳори бовар намуд, ки кормандони мақомоти гумрук минбаъд низ неруи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани азизамон равона месозанд.
Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук майори хадамоти гумрук Муҳаммадшариф Зикруллоев - сарнозири Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Дӯстии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо Ифтихорномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ қадр гардид.
Хуршед Каримзода бори дигар таъкид намуд, ки Конститутсия ба таҳкими ҳаёти осоишта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпарвар замина мегузорад ва асос барои танзими зиндагии осоиштаву орому осуда мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ГУМРУК. МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ ЖЕНЕВА
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода чанде қабл бо сафари корӣ озими идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария гардид.
Зимни сафари корӣ дар шаҳри Женева Азим Турсунзода бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд – Рено Масснэ ва ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА Дмитрий Годунов мулоқоти судманд анҷом дод.
Сафари корӣ дар доираи “Созишнома доир ба пешниҳоди кумаки техникӣ вобаста ба гузариш ба низоми нави гумрукии АСИКУДА ва амалишавии ислоҳоти гумрукӣ”, ки 22-юми июни соли 2022 миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд ба имзо расонда шуд, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот бо роҳбарияти Барномаи мазкур масъалаҳо вобаста ба татбиқи ҳадафҳои асосии Лоиҳаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони мақомоти гумрук, ширкатҳои брокерӣ ва дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таҳияи модулҳои нави системаи иттилоотӣ, содагардонии равандҳои тиҷоратӣ тариқи рақамикунонии онҳо ва ба роҳ мондани ҳамгироии системаҳои иттилоотӣ барои табодули маълумот дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида байни кишварҳои иштирокчии Созмони ҷаҳонии Гумрук мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Боиси зикр аст, ки ҳадаф аз амалисозии Низоми АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумрук ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии молу воситаҳои нақлиёт ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатии дахлдор дар шакли электронӣ, ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар Равзанаи ягона, шаффофияти расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, бештар намудани миқдору сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад. Дар рафти сафари корӣ як силсила вохӯриҳо бо дигар бахшҳои идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳо оид ба пешрафт ва дурнамои Лоиҳа сурат гирифтанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”