Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Рамасвами Парвати мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни дидор ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода ва имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ бо Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо ҳайати роҳбарии Вазорати сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумита ба мо иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаи ҷалби сармояи мустақими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо самтҳои нави афзалиятноки ҳамкорӣ ва тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Тақвияти ҳамкории илмӣ-техникӣ матраҳ гардид
Дар шаҳри Остона ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионии ИДМ доир гардид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар додааст, ки дар ҷаласа байни кишварҳои ИДМ масъалаҳои калидӣ вобаста ба тақвияти ҳамкории илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ баррасӣ шуданд.
Бунёди «Долони сабз»-и намунавӣ
Бонки осиёии рушд кумаки молиявӣ (грант) дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари ИМА-ро барои такмили минбаъдаи шабакаи миллии роҳҳои Тоҷикистон тавассути таъсиси «Долони сабз»-и намунавӣ тасдиқ намуд.
Хадамоти матбуоти Бонк хабар додааст, ки дар доираи лоиҳа бори аввал усулҳои инноватсионии бунёди «роҳҳои сабз» санҷида мешаванд. Дар назар аст, ки роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» навсозӣ гардида, ба «Долони сабз»-и намунавӣ табдил дода шавад.
Ҷаласаи навбатии Шурои нақлиёти роҳҳои оҳан
«Дар шаҳри Тошкент ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд»,– хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани ИДМ ва назди Балтика масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мунтазаму мураттаби хоҷагидориву молиявии роҳҳои оҳан, сиёсати тарифии интиқолоти байналмилалии бору мусофирон, таҳияи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Наҷотдиҳандагон усулҳои нави кумакрасонӣ ба осебдидагонро омӯхтанд
Кормандони воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омӯзишҳои панҷрӯзаи интерактивиро барои аз худ намудани усулҳои нави расондани кумак ба осебдидагон дар қаторкӯҳҳои мамлакат ба анҷом расонданд.
Аз Кумита ба мо хабар доданд, ки омӯзишҳо дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гузаронда шуданд.
«Рақс моро муттаҳид мекунад»
12-14-уми ноябр таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии рақс баргузор мегардад.
Вазорати фарҳанг иттилоъ додааст, ки дар Фестивал ансамблҳои рақсии панҷ давлати ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Инчунин, дар Фестивал тамоми дастаҳои рақсии Тоҷикистон рақси миллии тоҷикиро муаррифӣ хоҳанд кард.
Муаррифии китоби «Тоҷикон» дар тарҷумаи арабӣ
Дар Академияи миллии илмҳо китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар тарҷумаи арабӣ рӯнамоӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академия хабар додааст, ки муаллифи тарҷума адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ Иброҳим Истанбулӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми ноябр дар шаҳри Кувайт дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт муаррифии тарҷумаи арабии китоби «Тоҷикон» бо иштироки шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор шуд.