Камоли Қурбонийон (Абдураҳимов) беш аз даҳ сол аст, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳоло сардори раёсати тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мебошад. Вале, ба иқрори худаш, ҳар бор «Ҷумҳурият»-ро ба даст гирад, дилаш гум мезанад ва батакрор мегӯяд: «Ман хабарнигори собиқи «Ҷумҳурият» нестам, ман хабарнигори содиқи «Ҷумҳурият»-ам».
Ман, наздики ҳашт сол дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» саодати ҳамкорӣ бо Камоли Қурбонийонро доштам ва матлабе аз гуфтаҳои ӯ мураттаб сохтам.
Ин суханҳо дар давраи сармуҳарририи Камоли Қурбонийон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (01.02.2005 – 30.10.2012) дар маҷлису маҳфилҳо, суҳбатҳо бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, мулоқот бо хонандагони сершумори рӯзнома ба забон оварда шудаанд.
ДАР БОРАИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Мо фасли тозаеро дар таърихи «Ҷумҳурият» оғоз хоҳем кард! Мо «Ҷумҳурият»-ро ба нашрияи беҳтарини Тоҷикистон мубаддал хоҳем дод ва дар ин сатҳ устувор хоҳем намуд!..
Бале, бале, ман медонам, ки ҳангоми пахши чунин изҳорот бояд аз эҳтиёту хоксорӣ кор бигирам. Вале чи ҳам гӯям, агар мақсади дигаре надорам.
«Ҷумҳурият» шарафу номуси журналистикаи тоҷик аст. Имрӯз масъулияти посдории ин шарафу номус бар дӯши мост.
Мо бояд рӯзномаамонро чунон кунем, ки бо шунидани номи «Ҷумҳурият» дар назари хонандаҳо матлабҳои муҳиму ҷолибу хотирмон пайдо шаванд.
Ба ҳар тараф, ки нигоҳ мекунам, «Ҷумҳурият»-ро мебинам.
Бале, дар идораи рӯзнома номҳои мо гуногунанд: Хайринисои Расулӣ, Фирӯзи Раҳмониён, Зоиршоҳи Шарифзода... Вале берун аз идораи рӯзнома ҳамаамон як ном дорем – «Ҷумҳурият».
Баъзе ҳамкасбону бадхоҳонамон дар бораи «Ҷумҳурият» гапу калочаҳо паҳн месозанд, ки як рафтори комилан табиист. Ин корро маъмулан бо нашрияҳое мекунанд, ки дар байни мардум шуҳрату маҳбубият доранд.
ДАР БОРАИ ҲАМКОРОН
Устоди азизи банда Ашӯри Одина аз ҷумлаи кормандони содиқтарину муҳимтарини мост. Ӯ намунаи беҳтарини масъулиятшиносӣ аст. Устод дар худ руҳи бузурги «Ҷумҳурият» ва ҳамаи хубиҳову зебоиҳои журналистикаро таҷассум кардааст.
Агар кормандони идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ба созҳои мусиқӣ монанд кунему якеро рубоб, дигареро ғижак, савумро таблак… гӯем, боз ҳам дар мавриди Фотеҳи Абдуллоҳ дармемонем – охир, устод ба танҳоӣ як оркестри комилро мемонанд.
Устод Зиё Абдулло аз беҳтарин қаламкашони «Ҷумҳурият» буданд, беҳтарин сардори шуъба буданд. Ин ҷо ҳама чи доштанд: минбари баланд, эҳтироми зиёд, маоши калон… Вале рафтанд нашриёти «Адиб».
Пеш аз рафтанашон гуфтам: «Устод, Шумо барои «Ҷумҳурият» даркоред». Гуфтанд: «Ато Ҳамдам, директори нашриёт, ду бор шуд, ки даъватам мекунад. Наравам, хуб намешавад. Баъд синнам ҳам…». Гуфтам: «Устод, он ҷо маош 5-6 баробар камтар будааст. Ин фарқро чӣ хел мепӯшонед?» Гуфтанд: «Бо қаноат» … Хулоса, ман ба интихоби устод эҳтиром гузоштам.
Фирӯзи Раҳмониён аз Хуҷанд ба Душанбе кӯч баст, то хабарнигори «Ҷумҳурият» шавад ва хабарнигори «Ҷумҳурият» шуд, то як ҷузъи ин рӯзномаи пуршараф бошад – ҷузъе аз дастовардҳову ифтихороту рисолату таърихи он…
Албатта, ӯ дар ин хусус ба касе чизе нагуфтааст, вале ман ин ҳамаро дар навиштаҳояш, дар талошҳояш мебинам.
Саҳми Абдулқодири Раҳим дар равнақи рӯзномаи «Ҷумҳурият». Ӯ ҳамон мӯр аст, ки бори аз вазни худаш даҳ баробар бештарро мекашад.
ДАР БОРАИ ХУД
Мансубият хеле муҳим аст ва ман ба «Ҷумҳурият» мансубам. Вақте ман аз ин идора ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба кор рафтам, дилам мегуфт, ки рӯзе ҳатман бармегардам. Акнун маро эҳсосе фаро гирифтааст, ки гӯиё ҳама умр ин ҷо будам. Аниқ медонам, ки ҳамкорон чи мехоҳанд, рӯзнома чи мехоҳад, хонанда чи мехоҳад. Вақте дили ту ба рӯзнома мансуб аст, ҳама чиз осон мегардад.
Пеш аз ҳама, мехоҳам маро ҳамчун инсони беғараз ёдовар шаванд; инсоне, ки бо тамоми ҳастӣ кӯшид ва мусоидат низ кард, ки ҳамаи ҳамкорон худро ҷузъи муҳими рӯзнома эҳсос намоянд ва дар дастовардҳои рӯзнома шарик бошанд; инсоне, ки тими қавие сохт, то аъзояш дар авҷи шуҳрат дасти ҳам гирифта, боифтихор гуфта тавонанд: «Мо «Ҷумҳурият»-ем!».
Ориф ЁДГОРӢ, рӯзноманигор