Саҳни Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фазои идона дошт ва ҳунармандону ҳаводорони зиёд барои таҷлили 95-умин солгарди театри тоҷик ҷамъ омада буданд. Садои мусиқии форам ба дилҳо фараҳ мебахшид. То оғози чорабинӣ ҳунарнамоии кормандони Сирки давлатӣ хотири ҳозиринро болида намуд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, иброз дошт, ки наваду панҷ сол пеш дар пойтахти навбунёди Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, нахустин театри касбӣ ба фаъолият оғоз намуд ва ин рӯйдод барои рушду нумӯи минбаъдаи санъати касбии театри тоҷик заминаи устувор гузошт. Мусаллам аст, ки рисолати аслии санъати театрӣ дар ҳамаи давру замон, ҳамчун пешбарандаи маънавиёти ҷомеа, ин тарбияи ҳисси ватанпарастӣ буда, махсусан дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши калидиро мебозад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият мекунад. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ чор театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар таъсис ёфтанд.
Театри тоҷик тули фаъолияти қариб якасраи худ дар тарбияи маънавии ахлоқии ҷомеа хидматҳои пурарзиш карда, дар ин давра марҳалаи гуногуну таҳаввулоти зиёди эҷодиро аз сар гузаронда, беҳтарин насли ҳунармандонро дар оғӯши худ ба камол расондааст.
Ҳамасола 7-уми ноябр дар кишвар Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи маълумотҳо, бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки соли 1933 он ба худ номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гирифт. Ин бесабаб набуд, зеро саҳми Абулқосим Лоҳутӣ дар таъсиси театри тоҷик бузург аст.
Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз аҳли театри кишвар ҷамъ омада, оид ба дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир мекунад. Ҳунармандони тоҷик бо барномаҳои рангоранги хеш на танҳо дар Ватани азизамон, балки берун аз он низ мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намудаанд.
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”