Дар ҷомеаи мухталифақвому гуногунфарҳанг гурӯҳҳои этникиро аз пӯшиши онҳо мешиносанд. Миллатҳои фарҳангу тамаддуни қадимидоштаро метавон аз либосу пӯшиши онҳо шинохт ва табиист, ки миллатҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ин унсури миллии худро нигоҳ медоранд ва ҳифз мекунанд, зеро суннатҳои фарҳангӣ тули қарнҳо устувор шуда, боиси пешрафти ин ақвом ҳам шудаанд. Намунаи боризи ин гуфтаҳо пӯшиши мардумони Ҳинду Ҷопон, Шотландияву Украина ва Молдоваву Туркманистон шуда метавонанд.
Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон, метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои дорои тамаддуну фарҳанги қадимӣ, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи на чандон қадима доранд ва дар натиҷаи нуфузи бештар пайдо кардан, бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд, низ чунин намодҳое доранд; 4) гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад. Барои мисол, ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо; 5) бар асоси ба як ҳавзаи муштараки фарҳангӣ мансуб будан, масалан, пӯшидани шими ҷинс, кулоҳи бейсбол ва аз болои зерпӯш пӯшидани куртаи пешбоз намунаи афроди амрикоӣ ва ё муқаллидони он аст.
Сайри таърихии либоси ақвоми ориёӣ баёнгари вижагии ҳунарӣ ва завқу салиқаи мардуми мо ва дар умум фарҳанги мост. Муҳимтарин намуна аз таърихи пӯшиши даврони бостонӣ ёдгориҳои Саразм мебошанд, ки ба фарҳанги ҷануби Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Покистону Тсин-зяни Чин шабоҳат дорад ва муҳаққиқон пӯшишҳои бозёфташудаи занонаро чунин тасвир кардаанд: тоҷи баланд бо муҳраҳои зарин, мӯйҳо дар пушти сар бо сӯзанак ҷамъ ва гиреҳ карда шуда, қисме аз мӯйҳо рӯйи шонаҳо кушода бо муҳраҳои зарин ороиш ёфтаанд.
Дар нигораҳои ганҷинаи рӯди Ому дар ҷануби ғарби Тоҷикистон мутааллиқ ба замони Ҳахоманишиён дар муҳри ангуштари нуқрагӣ бонувон бо ҳамин сабки либоспӯшӣ ҳаккокӣ шудаанд. Бино бар қавли Г.М. Майтдинова: “Маҳз дар пӯшиши занон дар даврони Ҳахоманишиён муди аслии эронӣ мушоҳида мешавад. Куртаҳоро, ҳатман, бо камарбанди баста мепӯшиданд ва баъзан, аз болои пироҳан болопӯш ҳам мепӯшиданд. Мӯйҳоро дар пушти сар ғундошта, бо муҳраҳо оро медоданд”.
Дар давраи нав, вобаста ба имконоти пазируфтани фарҳанги нав ва қобилияти фарҳангпазирӣ, ин тамаддуни қадима нафаси тоза гирифт ва ҷомаи куҳнашудаи худро бо ороишу пероиши нав ба бар мекард. Дар ҳунари сӯзаниҳои бисёр маҳалҳо рамзҳои хеле қадимӣ мушоҳида мешуданд. Пӯшиши тоҷиконро аз рӯйи ареал (минтақаи зист) ва вижагиҳои сарулибоси мардумон муҳаққиқон ба ду гурӯҳ дастабандӣ кардаанд: 1) ҷанубӣ: раштӣ, дарвозӣ, кӯлобӣ ва ҳисорӣ; 2) шимолӣ: зарафшонӣ, истаравшанӣ, конибодомӣ, исфарагӣ, аштӣ.
Пӯшиши маъмулии бонувон аз курта, пойҷома, тоқӣ, рӯймолу кафш ва баъзан, аз камзӯл (воскат, Дарвоз) иборат буд. Пӯшишҳои бонувони ҷануб аз шимол, манотиқи кӯҳистонӣ аз ҳамворӣ фарқ мекард. Тарҳу гулдӯзиҳои куртаҳои бонувон дар ҷануб аз ҳам фарқ мекарданд. Аз зери куртаи гулдӯзишуда, куртаи ранги рӯшандошта бо остинҳои каме дарозтари бо шероза дӯхташуда мепӯшиданд. Гулҳои куртаҳо дар аввали асрҳои миёна нафис буданд, вале дар қарнҳои баъдӣ ин нақши гулҳо калонтару пуррангтар шуданд.
Мардуми тоҷик барои ҳар маросиме аз шодиву ғам либоси хосе мепӯшиданд, ки баёнгари вазъи равонӣ ва ҷаҳони ботинии инсон буда, ин анъана то ҳол роиҷ аст. Пӯшиши миллӣ, чунон ки мебинем, дар асоси суннатҳои бостонӣ шакл гирифта, қарнҳо ин занҷираи ҳунарӣ гусаста нашуда, то замони мо расида, такомул ёфтааст.
Либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, он ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум дониста мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳушдор дода, мегӯянд: “Бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.
Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо ходимони дин моҳи марти соли равон ироа карданд, маҳз ҳамон афроде аст дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”.
Равшанфикрон ва ашхоси огоҳу фарҳангии мо, ки дар умури дунё бо назари бозу нав менигаранд, бояд роҳи ҳимоят ва тақвияти сармояи фарҳангии миллати худро пеш гиранд, то ҷомеа аз онҳо пайравӣ бикунад. Он чи сарвати асосии фарҳангии мардум аст, онро ба хотири нигаҳ доштани ҳувияту ягонагии миллати худ дастгирӣ ва ҳимоят кунанд. Барои ин, ба назари мо, ба фарҳанги гузашта рӯй оварда, дар заминаи он ба такмили имрӯзаи он машғул шудан лозим аст, то фарҳанги миллиро, ки пӯшиши миллӣ ҷузъи муҳими он аст, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба боди фано надиҳем.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ