6-уми ноябри соли 1994. Рӯзи якшанбе. Ман он замон донишҷӯи соли якуми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будам. Тамоми мардуми шарифи мамлакат он рӯз ид дошт: халқ ҳам Президенти худро интихоб мекард, ҳам ба қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон раъй медод. Ҳатто, табиат ҳам гӯё аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ хурсанд бошад, Офтоб медурахшид.
То қабули Конститутсияи нав дар Тоҷикистон Конститутсияи РСС Тоҷикистон амал мекард, ки охирҳои соли 70-уми асри гузашта қабул шуда буд ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, зарурати Конститутсияи нав ба миён омада буд.
Инак, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи халқи Тоҷикистон қабул гардид, тайи сӣ соли охир қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати муҳимтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, ки асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлатро муайян менамояд. Ин ҳуҷҷат на танҳо доираи фаъолияти мақомоти ҳокимият, балки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро низ муайян мекунад.
Конститутсияи нави Тоҷикистон шакли ҷумҳуриявии идоракуниро бо Президент, ки Сарвари давлат, ҳокимияти иҷроия ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, муқаррар намуд.
Ҳокимияти иҷроия аз ҷониби Ҳукумат ва ҳокимияти қонунгузорӣ аз ҷониби парлумони дупалатагӣ (Маҷлиси Олӣ) амалӣ мешавад. Дар ин ҷо таъкид кардан ҷоиз аст, ки парлумони баъзе мамлакатҳои дунё дупалатагӣ набуда, балки якпалатагианд. Аммо таҷрибаи сиёсии давлатҳои аз лиҳози демократия мутамаддину пешрафта нишон медиҳад, ки парлумони дупалатагӣ дар қабули қонунҳои лозимаю саривақтӣ афзалият дорад. Қонунҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, маҳз аз ҷониби ҳар ду палатаи Парлумон ҳаматарафа санҷида мешаванд.
Яке аз бахшҳои асосии Конститутсия эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад. Конститутсия ҳуқуқҳоро, ба монанди озодии сухан, озодии виҷдон, ҳуқуқ ба меҳнат ва маориф, ҳуқуқ ба амнияти иҷтимоӣ ва дигар ҳуқуқҳои бунёдиро кафолат медиҳад. Чунин кафолатҳо нишонаи демократияи ҳақиқӣ мебошанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода кунанд.
Конститутсия забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муқаррар кард, ки ин як воқеаи бузург дар таърихи навини мамлакатамон мебошад. Ин муқаррарот забони тоҷикиро дар ҳазорсолаҳои дигар низ ҳифз кард. Лекин Конститутсия бисёрзабонии кишварро низ эътироф кард ва ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллиро кафолат дод. Тоҷикистон ҳамчун давлати бисёрмиллат, ки дар он ба ғайр аз миллати тоҷик, боз намояндагони миллатҳои дигар низ зиндагонӣ доранд, кӯшиш мекунад, ки гуногунии фарҳангиро ҳимоя намуда, рушд диҳад.
Яке аз ҷанбаҳои дигари муҳими Конститутсияи Тоҷикистон он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи он сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар мамлакатҳоро эҳтиром менамояд. Конститутсияи Тоҷикистон ташвиқоти ҷангро манъ мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз мамлакатҳои ҷаҳон ҷанг идома дорад, ки ҳамарӯза садҳо нафар маҷруҳ гаштаву ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки ифодаи волоияти ҳуқуқи инсон ва рушди иҷтимоӣ мебошад. Фаъолияти дарозмуддат ва муваффақонаи он аз риояи принсипҳои давлати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар вобаста аст.
Абдулатиф ҒАФФОРОВ, шаҳри Истаравшан