Дар замони муосир бисёр касбу шуғлҳои нави марбут ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки маъмултарини онҳо блогнависӣ ё шуғли блогерӣ аст. Шуғли дастрас ва маъмуле, ки ҳар хоҳишманд метавонад аз он кор бигирад. Албатта, дар доираи худ масъулият низ дорад ва нафарони ҳаваскор дар ин роҳ на ҳамеша муваффақ мешаванд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро торафт фаъолияти блогерон – онҳое, ки хоҳу нохоҳ дар миёни мардум мафкурасозӣ мекунанд, аз чорчӯбаи одобу ахлоқу хостаҳои миллии мо берун шудан дораду мо аксарият бетарафем? Чаро як нафар миллатро таҳқир, худашро шармандаву беобрӯ ва бинандаашро гумроҳ месозаду мо ҳамчун тамошобин аз дахолат худдорӣ мекунем? Чаро тадбирҳои сохторҳои марбут ҳанӯз ҳам камранг менамоянд ва умуман кадом омилҳо боисанд, ки баъзан ба ном блогерон то ин ҳад озод ва бе риояи одитарин талаботи одобиву ахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гапфурӯшиву андешапартоӣ мекунанд?!
Ҷаҳонгаштаҳо хуб медонанд, ки дар кишварҳои пешрафта мардум имкони озодона тамошои шабакаҳои хориҷии телевизиониро надоранд, на ин ки аз пеши худ минбарсозиву андешапардозиро. Ҳатто, тамошои барномаҳои телевизионӣ маҳдудиятҳои синнусолӣ доранд, ки хеле омӯхтанист. Бисёр нигаронкунанда аст, ки дар ҷомеаи мо дар самти дастрасӣ ба интернет ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ягон маҳдудият нест. На танҳо наврасону ҷавонон, балки кӯдакони синни томактабӣ низ “роҳат” дохили дилхоҳ сомона мешаванд ва ҳар чи хоҳанд дастрасу тамошо мекунанд. Омори расмӣ нест, вале эътимод ҳаст, ки барои аксарият наврасони мо интернет ҳанӯз ҳам на манбаи донишафрӯзиву тавсеаи ҷаҳоншиносӣ, балки сарчашмаи фароғату дилхушӣ ва аз ин бадтар, вақтгузаронӣ боқӣ мемонад.
Ва маҳз ана ҳамин аудиторияи мафкураашон ҳанӯз шаклнагирифта ба зудӣ аз ҳаводорони сарсахти ба ном блогерон шудаву якҷоя миёни ҳамсолони худ машғули мағзшӯӣ ва костагардонии маърифати миллӣ мегарданд. Дигар барои онҳо дашному қабеҳгӯӣ ва таҳқиру бадномсозии якдигар, ки дар ниҳоят ба шаъну шарафи миллати тоҷик дахл мегирад, ба як одати маъмулӣ табдил меёбад, ки ниҳоят нигаронкунанда аст. Ҳамарӯза ба ном блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаи интернетии Instagram, аксу наворҳоеро паҳн менамоянд, ки мазмунан ягон хусусияти тарбиявӣ ё омӯзишӣ надоранд. Ҳатто баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро дидан мумкин аст, ки аз доираи маърифати инсонӣ берун буда, теша ба решаи фарҳанги миллӣ мезананд. Табиист, ки чунин наворҳо зуд паҳн мегарданду тамошои зиёд мегиранд ва шахсоне, ки чунин наворҳоро паҳн менамоянд ба зудӣ маъруф мешаванду тахаллуси «блогер» -ро ба худ касб менамоянд.
Хушбахтона, вақтҳои охир кам нафароне зери навору навиштаҳои ин қабил мафкурасозон баҳои мусбат мегузоранд, ки фоли нек аст. Баръакс, аксарият рафтори онҳоро мазаммат намуда, ғайриахлоқӣ мешуморанд. Аз ҷумла, тавре таҳлилҳо собит сохтанд, дар instagram блогҳои маъмул бо номҳои “dima parodia officiall”, “zolushka_00.03”, “firuza.01”, “mohiraofficial” ва амсоли инҳо, ки наворҳои берун аз ахлоқи инсонӣ паҳн мекунанд, ҳамеша баҳои манфӣ гирифтаанд. Вале, бо вуҷуди ин, тавре мушоҳида мешавад, шумораи чунин “блогерон” рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст, на баръакс.
Ба андешаи Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутаассифона, қисмати бештари дастандаркорон (нашояд ҳамаашонро блогер ном барем) ба хотири ҳангома, ҷалби аудитория, худнамоишдиҳӣ бо завқи хеле паст мавод омодаву пахш менамоянд. Барои ин гурӯҳ муҳим нест, ки ба обрӯву эътибори шахс, имиҷи миллат чӣ мерасад. Бе риояи меъёрҳои забони гуфтугӯйии адабӣ, бе эҳсоси масъулият барои натиҷаи мавод ҳар чи хоҳанд пешниҳод мекунанд, ки ин хеле бад аст.
Пас чӣ бояд кард? Кадом тадбирҳое метавонанд фазои интернетии моро аз чунин “абрҳои сиёҳ”, ки эҳтимоли табдил шуданашон ба боду борону тӯфон торафт афзудан дорад, пок созанд?!
Албатта, агар гӯем, ки мақомоти масъул дар вобастагӣ ба масъалаи мавриди назар бетаваҷҷуҳ аст, аз рӯи адолат нахоҳад буд. Қариб ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоса кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ин самт тадбирҷӯиҳои чашмрас доранд.
Таъсиси Ассотсиатсияи блогерони тоҷик низ маҳз бо мақсади танзими фаъолияти дастандаркорони шабакаҳои иҷтимоист. Вале, тавре таъкид кардем, дар маҷмуъ, тамоми тадбирҳо дар роҳи ҷилавгирӣ аз фаъолияти бенизоми ба ном блогерон ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Ба ин хотир, шахсан бар ин андешаам, ки чун давлатҳои дигари пешрафта дар кишвари мо низ барои истифода аз шабакаҳои интернетӣ бояд ба таври ҳатмӣ маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ карда шавад. Чаро? Пеш аз ҳама, ба ин ҳадаф, ки мафкураи кӯдакони худро аз “тарбияи интернетӣ”, ки “омӯзгоронаш” ҳаваскорони бе рисолату бе масъулиятанд, ҳифз карда бошем. Дувум, дар замири фарзандони худ фаҳми навро нисбати интернет ва умуман технологияи нав камол дода бошем. Бигзор насли имрӯзи мо билохира дарк намояд, ки дастрасӣ ба интернет ин дастрасӣ ба донишу маърифати ҷаҳонгир аст, на танҳо фароғату бозиву вақтгузаронӣ.
Дар Аврупо кӯдаконро барои гуноҳи ночиз, аввал, аз тамошои телевизор ва, баъдан, аз истифодаи телефон як муддат ҳамчун ҷазо маҳрум мекунанд. Ҳарчанд истифодаи ҳар ду ҳам ҳеҷ гоҳ барои фарзанд бемаҳдуд иҷоза дода намешавад. Мо маҳрум накунем. Мо ҳамчун қадами нахустин танҳо ва танҳо маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ намоему халос. Ба фикри ман чунин як иқдом самаровар хоҳад буд. Шумо чӣ андеша доред?
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”