Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову мардумон ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳониву байналмилалӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Пешвои миллат, аз ҷумла бо медали “Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ”-и Федератсияи Россия (25-уми августи соли 1994), «Ситораи тиллоии Алберт Швейсер» (15-уми январи соли 2000), ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" (15-уми октябри соли 1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20-уми марти соли 2002), Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср” – ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” (29-уми марти соли 2005), ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд” (27-уми апрели соли 2005), медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон” (25-уми июни соли 2005), медали тиллоии давлати Миср (5-уми феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурх “Миротворетс”-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи “Миротворец” ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи “Созвездие” (25-уми июни соли 2007), «Нишони фахрӣ»-и ИДМ (5-уми октябри соли 2007), дараҷаи 1-и ордени княз Ярослави Ҳакими Украина (3-юми декабри соли 2008), ордени “Се ситора, дараҷаи 1” бо занҷираи зарини Латвия (11-уми июли соли 2009), Ҷоизаи махсуси СММ “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23-юми марти соли 2010), мукофоти олии давлатӣ – «Нишони Покистон» (8-уми марти соли 2011), ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора” (19-уми майи соли 2011), медал ва шаҳодатномаи Шурои Аврупо – “Пешвои асри ХХI” (17-уми августи соли 2011), мукофоти олии давлатии Украина – орден “Барои хизматҳо” дараҷаи 1 (15-уми ноябри соли 2011), мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – ордени “Ҳайдар Алиев” (12-уми июли соли 2012), ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (23-юми августи соли 2012), мукофоти Давлати Кувайт Ордени “Муборак Алкабир” (23-юми июни соли 2013), мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (ордени подшоҳӣ) (28-уми майи соли 2014), мукофоти олии Федератсияи Россия – ордени “Александр Невский” (27-уми феврали соли 2017), мукофоти давлатии Қазоқистон - ордени давлатии “Парасат” (14-уми марти соли 2018), мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени “Эл Юрт Ҳурмати” (17-уми августи соли 2018), “Нишони фахрӣ”-и сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6-уми августи соли 2021), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Россия (4-уми октябри соли 2022), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (31-уми октябри соли 2022), ордени “АЛТИН ҚИРОН”-и Ҷумҳурии Қазоқистон (4-уми майи соли 2023), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Россия (21-уми ноябри соли 2023), ордени “Дӯслик”-и Ҷумҳурии Тотористон (22-юми феврали соли 2024), ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин (5-уми июли соли 2024) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо мукофотонида шудаанд.