Шуд Ватан фархундафар аз эътибори Пешво,
Боғ шуд шаҳри абар аз дасти кори Пешво!
Ҳам ҷавонон баҳравар, ҳам халқ ёри Пешво,
Мадҳ мехонад башар аз ифтихори Пешво!
Пешвои мо, ту ҳастӣ ҳомии фарҳанги мо,
Ҳодии мо, раҳбари мо, шавкати авранги мо!
Эй ба юмни ҳимматат равшан равони тоҷикон,
Ҳифз бо ту маъмани амну амони тоҷикон!
Тоҷикистон шуд тани миллат, ту ҷони тоҷикон,
Ҷовидон шуд аз ту дар олам нишони тоҷикон!
Пешвои мо, ту ҳастӣ ҳомии фарҳанги мо,
Ҳодии мо, раҳбари мо, шавкати авранги мо!
То забони миллат аз ҳастии миллат ҳарф гуфт,
Хомаат дурри маъонӣ рехт, бас дурдона суфт!
Панди ҳикматофаратро гӯши маънибар шунуфт,
Боғсори миллат аз лаҳни равонат гул шукуфт!
Пешвои мо, ту ҳастӣ ҳомии фарҳанги мо,
Ҳодии мо, раҳбари мо, шавкати авранги мо!
То туро сар ёфт дар олам забони тоҷикон,
Бо ту довар ёфт дар олам забони тоҷикон!
Аз ту минбар ёфт дар олам забони тоҷикон,
Аз ту шаҳпар ёфт дар олам забони тоҷикон!
Пешвои мо, ту ҳастӣ ҳомии фарҳанги мо,
Ҳодии мо, раҳбари мо, шавкати авранги мо!
Маънии наҳву каломи мо каломи Пешво,
Номаи миллат расо аз эҳтимоми Пешво!
Аз мароми аҳд дорад эҳтироми Пешво,
Таҳният Рӯзи забони мо ба номи Пешво!
Пешвои мо, ту ҳастӣ ҳомии фарҳанги мо,
Ҳодии мо, раҳбари мо, шавкати авранги мо!
ТОҶДОРИ ТОҶИКОН
Эй зи юмни ҳимматат воло ба ори тоҷикон!
Шаъни миллат, шавкати миллат, мадори тоҷикон!
Номи миллат, номаи миллат, виқори тоҷикон!
Парчами номуси миллат, тоҷдори тоҷикон!
«Зинда бодо номи ту!» - дар лаб шиори тоҷикон!
Ҷангро бар сулҳи мо рӯ дод, дар каф ҷони ту!
Нанги моро бохт дар номуси мо исёни ту!
Файз омад бар сарои миллат аз эҳсони ту!
Оли Сомонӣ ба иззат ёфт дар сомони ту!
Ваҳдати мо аз ту шуд, эй шаҳриёри тоҷикон!
Сар ба сомон аз ту шуд, вайрона обод аз ту шуд!
Роҳ аз ту, боғ дар ҳар ёна обод аз ту шуд!
Мулк обод аз ту шуд, ҳам хона обод аз ту шуд!
Маҳфили ин миллати фарзона обод аз ту шуд!
Бахт ёрӣ аз ту дод, эй бахтиёри тоҷикон.
Эй ба бахти миллати фархунда, фаррухфоли мо,
Эътидоли руҳи миллатро ту истидлоли мо!
Аз ту истиқлоли мо рӯ кард бар иқболи мо!
Дар баҳои ҷон туро овард истиқлоли мо!
Аз ту рахшон офтоби рӯзгори тоҷикон!
Ҳар куҷо аз мақдамат обод гардад роҳи мо!
Ҳарфи ту, бал, панди бунёд аст бар огоҳи мо!
Юсуфи сонӣ туӣ, то омадӣ аз чоҳи мо,
Аз ту шуд равшан сарои мо, сарири ҷоҳи мо!
Сабз аз ту домани доимбаҳори тоҷикон!
Салими ХАТЛОНӢ