Қасри Арбоб. Ҳамон қасрест, ки марди замонро ба арсаи сиёсат овард. Маҳз ҳамин қаср буд, ки Сарвари дилсӯз, ҷасур, матиниродаву ҳақиқатҷӯ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кард ва ин қаср чун муҷассамаи таърихӣ, шоҳиди бунёди як давлати навини тоҷикон гашту дар дилу дидаҳои мардум ва хотири онҳо нақши абадӣ гузошт ва қасри наҷотбахши миллат гардид.
Ҳар инсони худогоҳ бояд ин қасрро муборак донад, зеро дар ҳамин қаср Пешвои миллат ба шири поки модар қасам хӯрду ба муҳаббати халқаш такя кард ва оқибат пирӯз шуд.
Аз замоне, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии мамлакат интихоб гардид, Арбоб барои миллати тоҷик аз як бинои одӣ ба қасри бахтовару саодатёри таърихӣ табдил ёфт ва имрӯз зиёратгоҳи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб, дар рӯзҳои душвори парешонӣ, парокандагӣ, шубҳа, тарсу ҳарос ва муборизаҳои дохилии гурӯҳҳои манфиатхоҳ баргузор гардид, ба мо туҳфаи бебаҳо – Пешвои миллатро тақдим намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз ба достони ғамангезу фоҷиабори сарнавишти миллат нуқта гузошта шуд ва давлати мо аз нобудӣ наҷот ёфту дар ҷумҳурӣ сулҳу субот рӯ ба пойдорӣ овард.
Аз ин рӯ, қасри Арбоб ба қасри саодатовар, қасри умеду орзуҳо табдил ёфт. Ин қасрест, ки аз он нидои сулҳу ваҳдат ба фазо печид. Дар ин қаср пас аз навмедиҳо дар дили мардум суруру нишот шуълапошӣ намуду ашки ғам ба шодӣ табдил гашта, дар чеҳрааш табассум ҳувайдо шуд.
Ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши ин қасри муқаддас Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд, бо шуҷоату мардонагӣ зери Парчами давлатӣ зону зада, онро чун домани модар бӯсиданду бар рӯй молиданд, ашк рехтанд ва қасам ёд карданд, дар дили миллионҳо сокини Тоҷикистон шуълаи умед барқ зад. Ҳамаи ононе, ки иштирокдори ин рӯйдоди фараҳбахш буданд, аз нияту суханҳои Эмомалӣ Раҳмон пай бурданд, ки қадами ин фарзонафарзанд дар роҳи истиқрори сулҳу оромӣ дар Ватан устувор буда, ӯ метавонад давлатро аз фаношавӣ наҷот бахшад. Иброз намуданд, ки ман ба мардум сулҳ меоварам. Агар лозим шавад, барои осудагии халқи диёр ҷонамро фидо хоҳам намуд. Ба қавлаш вафо кард. Сулҳи бебозгашт имрӯз дар Ватан тантана дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ба қасри Арбоб бо дили ҷавон ва моломоли орзуҳо ворид гашту бо дили бузург ва лабрез аз ормонҳои миллӣ аз он ба шоҳроҳи давлатдорӣ пайваст. Дуои модари пираш:
Аё фарзанд,
Аё бар ҷону қалби ман гиреҳпайванд,
Худоят з-офати дунё нигаҳ дорад.
Раҳо аз тирабахтиҳову аз рӯзи сияҳ дорад
Ва андар гирудори зиндагӣ доим
Ба зери сояи дасти ядуллоҳӣ панаҳ дорад…
Ду дастам сӯи ту, ё ҳазрати Парвардигори ман,
Баҳори қалби ҳар фарзанди оламро гулафшон кун!
Диёри нозанинам Тоҷикистонро гулистон кун
мустаҷоб гардид, ки Тоҷикистони пора-пора гаштаро ҷамъ карду як давлати ба маънои томаш мустақил ташкил намуд. Ӯ ҳамон фарзандест, ки ба миллати тоҷик пайғоми сулҳ овард. Номи неки тоҷиконро дубора дар арсаи ҷаҳон зинда кард. Мотамро ба ҳаёт табдил дод. Ӯ ҳамон Пешвои мардумӣ аст, ки ормонҳои чандинҳазорсолаи тоҷиконро амалӣ гардонд.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,
рӯзноманигор,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ
ба номи А. Лоҳутӣ