«Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин ҷумлаи содаву пур аз самимият дар рӯзҳои душвору мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик боварӣ ва ба фардои Тоҷикистон умед бахшид.
Тавре таърих гувоҳ аст, солҳои 90-ум барои Тоҷикистон замони озмоиш буд. Замоне, ки адолат, истиқлолу озодӣ мафҳуми худро гум карда буд. Муноқишаҳои бардавом, хонаҳои хароб ва аз даст додани наздикон дар қалби мардуми тоҷик тухми тарсу навмедиро кошт. Касе аз озодиву сулҳ ҳарф намезад. Бесарусомонӣ ба ҳаде расида буд, ки мардум аз ноумедӣ роҳи халосиро танҳо дар гуреза шудану кӯч бастан аз диёри худ медиданд. Касе наметавонист алангаи ин оташро хомӯш намояд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳе дар таърихи халқи тоҷик нақш баст, ки дар худ ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро қурбон намуд.
Аммо, хушбахтона, сарфи назар аз шароити душвору хатарнок дар ториктарин давраи таърихи тоҷикон нафаре ба саҳнаи сиёсат баромад, ки тавонист кишварро ба сӯи сулҳу субот ҳидоят намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷумлаи «Ман ба шумо сулҳ меорам» рамзи умеди миллионҳо тоҷикони аз ҷангу ҷидол навмедгашта гардид ва дар қалби мардум шуълаи умедро фурӯзон намуд. Аз рӯзи аввали ба сари давлат омаданашон миллати тоҷик эҳсос кард, ки сулҳ дубора бунёд хоҳад шуд.
Воқеан, суханони Пешвои миллат ба воқеият мубаддал гашту дар як муддати кӯтоҳи вақт аз ҷанги бародаркуш осоре ҳам намонд. Фазои кишвар тағйир ёфту миллати тоҷик озодӣ ва хушбахтии комилро ба даст овард. Ӯ тавонист кишварро дар душвортарин рӯзҳо ба дасти худ гираду аз вартаи нобудӣ наҷот бахшад. Ба шарофати заҳматҳои пайвастаашон Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як давлати сулҳофару пойдор табдил ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик рамзи умед ва сулҳу субот гардид. Номи ӯ ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки Тоҷикистонро дар лаҳзаҳои душвор, ки дар остонаи фурӯпошӣ қарор дошт, наҷот бахшида, ба ҳаёти орому осуда баргардонд, то абад дар хотироти миллати тоҷик нақш хоҳад баст.
Имрӯз мардуми тоҷик бо Пешвои худ ифтихор дорад. Зеро маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин марди хирад имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати озоду сулҳофар мешиносанду эътироф менамоянд. Имрӯз Тоҷикистон бо фарзанди фарзонаи худ дубора бунёд гардида, ба сӯи ояндаи боз ҳам нектар устуворона қадам мегузорад.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”