Сангинирода бошад меъмори Қасри миллат,
Чун кӯҳ устувор аст девори Қасри миллат.
Дар оташи муҳаббат пухтем обу хокаш,
Ҷои саломи дилҳост толори Қасри миллат.
Рахшанда дар равоқаш садҳо хати тилоӣ,
Аз насли офтоб аст анвори Қасри миллат.
Ҷуз дар замини дилҳо, ҷуз дар самои чашмон
Ҷое дигар набошад такрори Қасри миллат.
То қадри ин Ватанро кӯшем, беш созем,
Кам ҳеҷ гаҳ нагардад миқдори Қасри миллат.
Нақшаш ҳисоб кардам, дилро китоб кардам,
Ҷо дар ҳазор дил шуд осори Қасри миллат.
Бунёд агар чу шеър аст, меъмор агар чу шоир,
Сардафтарона бошад ашъори Қасри миллат.
Файзи АШӮР