Чун биҳишти адн бошад ин диёри нозанин,
Ҳамчу дар ангуштари дунёст монанди нигин.
Васф бояд кард халқу Тоҷикистонро чунин:
"Пешвои мо зи баски ҳаст таърихофарин,
Миллати тоҷик шуд машҳур дар рӯи Замин".
Даврҳоро кард истиқлол дар худ муҳташам,
Халқ бо фарзанди волоқадр бо иззу карам,
Минбари аҳли милалро кард бозам муҳтарам.
Гашт бо Сарвар барои давр таърихофарин,
Миллати тоҷик шуд машҳур дар рӯи Замин.
То “Авасто”-яш ба боби тоҷикӣ гардад калид,
Сад карат илҳом бигрифт ӯ зи Қуръони маҷид.
Бо вуҷуди “Шоҳнома” гашт мардум муътақид,
Пешвои халқи ман азбаски таърихофарин,
Миллати тоҷик шуд машҳур дар рӯи Замин.
Бо ҳазорон руҳи девондор комил шуд адаб,
Аз тамаддун сад милалро кард ҳайрон, во аҷаб,
Ташнагонро об мебахшад ба дунё бе сабаб.
Пешво бигрифт унвон боз: Таърихофарин!
Миллати тоҷик шуд машҳур дар рӯи Замин.
Ҳар қудуми Пешворо халқ медорад азиз,
Баски бо иқдоми ӯ ояд ба мардум бахт низ.
Дӯст медоранд донишмандро аҳли тамиз,
Баски ояд бо фараш фардои таърихофарин,
Миллати тоҷик монад ҷовидона нозанин!
Аҳмадҷон РАҲМАТЗОД, Шоири халқии Тоҷикистон