Китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»-ро варақ мезанам. Суханҳои ҳикматомези Сарвари давлат чун шаддаҳои марҷон пеши назар медурахшанд: «Як вақт моро гӯлу гумроҳ карда, ба ду майдон тақсим карда буданд. Биёед ҳамакаса коре кунем, ки ҳама дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон майдони ваҳдат, майдони меҳнат аст. Мақсади ин майдон эҳёи Тоҷикистон мебошад».
ПОЙГОҲИ ДАВЛАТАТРО КАРДА КАФШЕР
Бо азму талош ва ниятҳои неки Сарвари давлат халқ дар майдони меҳнат ба ҳам омаду Тоҷикистон эҳё шуд. Намунаи беҳтарини иттиҳоди мардум, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст, ки ба сохтмони умумихалқӣ табдил ёфтааст. Достони зебои ин иттиҳоду ҳамбастагӣ бо нақши дастони зиёда аз 17 ҳазор коргар, муҳандису техник имрӯзҳо дар қалби кӯҳ эҷод мешавад, балки ин ҳабдаҳ ҳазор муҳаббату самимияти беш аз даҳ миллион аҳолии кишварро ба Сарвари давлат баён медорад. Бале, ин сохтмони президентӣ ба таъбири сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публитсист ва журналист Александр Проханов «фарзанди дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст ва ӯ онро ҳамчун хотира аз даврони роҳбарии худ месозад».
Сарвари давлат як нафари калидӣ дар ҳайати бузурги ин иншооти стратегианд, ки бо шиори «Тоҷикистон, ба пеш» сари чанбараки булдозер нишаставу пеши Вахши саркаш бастанд. Ин шиор, ки аз қалби кӯҳҳо баромад, ба дили ҳамагон роҳ ёфт ва имрӯз ҳар ибтикоре дар кишвари азизамон сурат мегирад, зери ин шиор аст.
Ва чанде пеш боз шоҳиди саҳнаи зебое аз раванди созандагиҳо шудем, ки Пешвои миллат бо «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» ин бор кафшер карданд. Бо ин на танҳо пораҳои оҳан, балки ҷисму ҷони мардуми тоҷикро ба ҳам пайванд сохтанд. Ин манзараро шоири шаҳир Бозор Собир хеле зебо тасвир кардааст:
Пойгоҳи давлататро карда кафшер,
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғун,
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод,
Пойдор.
Сахту маҳкам.
РАҚАМҲО ГУВОҲАНД
Ба таъбири Ҷаноби Олӣ, «Роғун» ояндаи ободии халқи тоҷик» аст, ки барои бунёдаш тамоми имкониятҳо истифода мешаванд. Масалан, соли равон барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Вале бо мақсади тезондани корҳои сохтмону васлгарӣ, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар маҷмуъ, давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати мамлакат барои бунёди Неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. Дар баробари ин, сарчашмаҳои дигар мавриди омӯзиш қарор гирифтаву барои бунёди ин иншооти муҳими иқтисодӣ маблағ ҷалб мешавад.
ШОҲКОРИ АСР
«Роғун» бузургтарину зеботарин муъҷизаи дасти инсон аст, ки ба номи мардони шарафманди тоҷик дар саҳифаҳои таърихи башар сабт хоҳад гашт. Ин Неругоҳи азими минтақа, ки баландии сарбандаш 335 метр аст, ифодагари ормони чандинсолаи миллат дар роҳи худсозиҳост. Халқи тоҷик кохи нур бунёд месозад, ки иқтидори лоиҳавиаш 3600 мВт мебошад. Обанбори «Роғун», ки қатра-қатра оби Вахш чун обрӯи тоҷик дар он ҷамъ мешавад, дар оянда имконияти бо об таъмин намудани дигар неругоҳҳо, инчунин, шодоб сохтани заминҳои берун аз Тоҷикистон, ҳатто Арали ташналабро дорад. «Роғун» барои кулли минтақа сохта мешавад.
Чархаи ду агрегати он дар гардиш аст ва дур нест он рӯз, ки чор агрегати боқимонда ба истифода дода шавад. Диловарони тоҷик дар ин корзори нангу номус синаи кӯҳро шикофта, маҷмааи зеризаминӣ месозанд. Барои ояндаи худу фарзандон, барои пешрафти миллат.
Ҳамин тавр, як назар ба корнамоиҳои Пешвои миллат дар корзори «Роғун» кифоя аст, то Президенти маҳбубамонро ҳамчун шоҳкори аср ва шахсияти фавқулода эътироф намудаву ҳамеша арҷгузор бошем.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»