Ба шарофати азму талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон рушди бахши сайёҳии мамлакат таъмин гардид. Ҳукумати мамлакат бо дастгириҳои доимии Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди ин соҳа комёбиҳои навро ба бор овард.
Бо татбиқи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи «дарҳои кушода»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон, роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ба шаҳрвандони 140 давлати ҷаҳон ва аз 1-уми январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид, фаъолияти зиёда аз 240 ширкати сайёҳӣ, муаррифии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Берлин, Москва, Токио, Остона, Алмаато, Сеул ва дигар манотиқи олам барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, як қатор санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва дигар санадҳои муҳим қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Дар баробари ин, барои рушди соҳа як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд. Имтиёзҳои андозиву гумрукии дар ин самт фароҳамовардашуда ҳавасамандии соҳибкорону сармоягузоронро зиёд намуд ва бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ имрӯзҳо бомаром идома дорад.
Фаъолияти се фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати миллии ҳавопаймоӣ, се меҳмонхонаи бренди байналмилалии панҷситорадор, зиёда аз 338 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (аз қабили 209 меҳмонхона, 46 ҳостелу мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ) боиси таҳким ёфтани заминаҳои инфрасохтории соҳа шуданд.
Соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат ба пешрафти соҳа заминаи воқеӣ гузошт. Худи ҳамон сол, яъне дар хотимаи соли 2018, нишондиҳандаҳои воридшавии сайёҳони хориҷӣ беш аз 1 миллион нафарро ташкил дод. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳоти дар ин самт гузарондашуда, ҷуғрофияи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 129 кишвари хориҷӣ дар соли 2024 расид. Афзоиши бемайлони шумораи сайёҳон ба кишвар нишонаи боло рафтани рейтинги рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат ҷиҳати муаррифии сарзамини мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буда, аз муҳаббати бепоёну ифтихори баланди Пешвои миллат нисбат ба Ватан ва талошҳои пайвастаашон баҳри беҳбуд бахшидани вазъи зандагии мардум маншаъ мегиранд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»