Муайян гардидани 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ба худ хосро доро мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи тақдирсоз, яъне 16-уми ноябри соли 1992, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардида, барои рушди кишвар корҳои назаррас анҷом доданд.
Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки дар марҳалаву вазъияти барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар дӯш гирифта, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд. Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем, ба ин натиҷа метавон расид, ки онҳо муҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд:
- хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа;
- тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;
- ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;
- иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;
- таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
- таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар;
- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;
- таъмини амнияти озуқавории мамлакат, амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт;
- таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;
- сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушода ва ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардум ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф шудаанд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат тамоми захираву имкониятҳоро барои ободию шукуфоии кишвар ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Субҳон АМОНОВ, дотсенти ДДТТ