Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, бо вуҷуди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, таҳдиди парокандагии миллати тоҷик шуруъ шуд, зеро баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки аз хориҷи кишвар идора мешуданд, мехостанд, номи ин сарзамину ин миллатро аз лавҳи таърихи ҷаҳон зудуда намоянд. Ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон медод, ки ин манфиатҷӯён то андозае ба ғаразҳои нопок ва ҳадафҳои номатлуби хеш мерасиданд. Гурӯҳе аз онҳо бо истифода аз эътиқоди мардум ва гурӯҳи дигаре бо баҳонаҳои дигар мардумро мухолифи якдигар барангехтанд ва ин сарзамини биҳиштосоро оғуштаи хун карданд.
Ҳар як фарди соҳибхирад шоҳид аст, ки ягон сарвару раҳбар ё вакилу вазир ва ё ягон пешвои динию мазҳабие дар ин солҳо пайдо нашуд, ки пеши роҳи ин ҳаводисро гирифта тавонад. Роҳбарони вақт, ки аксар дар руҳияи ҳизби коммунистӣ тарбия ёфта буданд, умед бар он доштанд, ки Ҳукумати Шуравӣ дубора барқарор мегардад ва барои ором сохтани мардуми башӯромада боз ба ҳамон ҳаммаслакони ҳизбии худ аз дигар кишварҳо муроҷиат менамоянд, бехабар аз он ки, ҷаҳон дигар шудааст ва ҳар як роҳбар бояд миллату сарзаминашро худаш соҳибӣ кунад. Ахиран, низоми сиёсии бебунёд ва роҳбарияти раҳгумзадаи замон барои пеши роҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро гирифтан, коре карда натавонист.
Ана дар ҳамин вазъият Яздони пок барои бартараф кардани мусибати миллӣ қаҳрамоне, ҷоннисоре, меҳрубоне, раҳнамое, раҳнаварде, меҳанпарваре, миллатдӯсте, мушкилнописанду дар аҳду паймони хеш устувору ҷасуреро ба Тоҷикистон эҳдо кард, ки ҳамагӣ чиҳил сол дошт ва дар ҷаҳон бо номи накуяш – Эмомалӣ Раҳмон, машҳуру маъруф гашт, миллату кишвари куҳанбунёд ва чеҳраи фарҳангии ин мардуми соҳибтамаддунро ба аҳли олам муаррифӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзи нахустини по бар арсаи раҳбарӣ ниҳодан, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик қавл доданд, ки “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”. Мардуме, ки аз парокандагии миллату сарзамин дар таҳлука афтода буд, бо шунидани ин паём дубора ба бузургии фарзанди хирадманду андешавари хеш бовар ҳосил кард ва шукргузорӣ аз он мекард, ки сарваре бо доштани рисолати аҷдодии рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек насиби ин миллат гардидааст. Ҷавоне бо амри хайр ва нияти нек баҳри ба ҳам овардани миллати саргашта ва кишвари пароканда вориди майдони сиёсат гардида бошад ҳам, баъзе нотавонбинону пастфитратон ба неруи тавоно ва ақлу заковати фитрию азалии ӯ бо чашми шубҳаву нобоварӣ назар мекарданд.
“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ” гуфтани Сарвари ҷавони кишвар паёми пурҳикмату бомаърифате буд. Зери ин паёми тақдирсоз тамоми хотираи таърихии миллати тоҷик – дирӯзу имрӯз ва ояндаи дурахшони давлату миллат нуҳуфта буд. Бо ибрози ин паём, Раҳбари ҷавон андешаи хирадмандона ва дурандешонаро баён кард. Мардум бо дидаи умед сӯйи ӯ менигаристанд, дар ҳаққаш дуои хайр мекарданд. Хушбахтона, дуои мардуми аз ҷангу хунрезӣ бадодомада, мустаҷоб гардид. Ақли солим рӯйи кор омад, хиради азалии мардуми ориётабори инсондӯсту амниятпарвар ва ҷонибдори сулҳу осоиш дубора эҳё шуд, мардум дигар ба ҳазёну ваъдаҳои афроди ҷудоихоҳу манфиатҷӯ ва афкори иртиҷоии афроди мансабхоҳу ҷоҳталаб бовар накарда, танҳо ба паёми “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”-и Пешвои дарёфтааш бовар мекард.
Мардуми ҳамаи минтақаҳои кишвар дар атрофи афкору андеша, назари инсондӯстона ва ватанпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ба ӯ бовар карданд. Ҳамин бовар ва иттиҳоди мардум ба Пешвои мо руҳу тавон бахшид, неруи созанда ва бунёдкоронаи ӯро, ки азалӣ буд, боз ҳам қавитару нерумандтар гардонд.
Паёми сулҳофари Пешвои муаззами миллат дар замони нави давлатсозию давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мароми ҳар як шаҳрванди ин кишвар гардид, эътимоду бовариро ба фардои дурахшони миллат бештар гардонд, таваҷҷуҳи аҳли оламро ба ин сарзамини орому осуда ва боамну субот ба худ ҷалб кард.
Аҳли башар хуб дарк кардааст, ки тоҷикон бо Сарвари оқилу соҳибмаърифат ва инсондӯсту сулҳпарварашон роҳи ҳалли душвортарин даргириҳоро тавассути сулҳ, гуфтушуниди осоиштаи тарафҳо ва ҳифзи суботу амният тавсия менамоянд. Таҷрибаи талхи нооромию даргириҳои дохилии ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ба кишвари мо чунин сабақро омӯзондааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон таъкидҳо ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами худро дар мавриди ҳифзи сулҳ, ваҳдат, амнияту оромӣ ва осоиштагии сарзамин ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, пайи иҷрои ин дастоварди бузург барои мондагории миллат тамоми неруи худро равона сохта, намегузорад, ки ба фазои орому осоиштаи кишвар халале ворид гардад.
Ба андешаи Соиби Табрезӣ:
Аз шабохуни ҳаводис лашкараш барҳам занад,
Ҳар кӣ, Соиб, дар мақоми сулҳ табли ҷанг зад.
Хидматҳо ва ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои рушди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар басо назаррасу мондагор аст. Тамоми роҳи тайнамудаи ин марди шариф аз оғоз то имрӯз дар самти давлатсозию бунёдкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷу эҳтиром гузоштан ба тамоми арзишҳои инсонӣ зиндагиомӯз буда, барои таълиму тарбияи насли бунёдкору ояндасози ин кишвари биҳиштосо ибратомӯз мебошад.
Албатта, таърих ва мардуми баору номуси Тоҷикистон шахсиятҳои фидокореро чун Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи манфиатҳои миллату сарзамин барояш баробари ҷон азиз аст, ҳамеша эҳтиром мекунад ва ба корнамоиҳояш арҷ мегузорад. Корнома, рӯзгор, кору пайкор ва фаъолияти бунёдкоронаву созандаи шахсияте чун Пешвои муаззаму маҳбуби мардуми кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатафзойи саҳифаҳои таърихи дирӯзу имрӯз ва ояндаи миллату сарзамини биҳиштосои мо хоҳад гашт.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
доктори илмҳои филология,
ноиби президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори ДМТ