Дили ту дар дили ман, ҷони ту дар ҷони ман аст,
Ватано, ишқи ту Хуршеди дурахшони ман аст.
Фахрам аз суннату ойини ҷаҳонгирии ту,
Ҳама оинаи файзу фару эҳсони ман аст.
Ҳар ниҳолат ба ҷаҳон пайки шукуфтан бубарад,
Ҳар паёми ту дуруде зи гулистони ман аст.
Родмардиву футувват ба ҷаҳон зодаи туст,
Номи некат шарафу шуҳрати пуршони ман аст.
Ман Ватан гӯям, аз ин вожа шакар мерезад,
Лафзи модар ба забон шаҳди гулафшони ман аст.
Ватани шеъру сухан, нобиғагони дониш,
Ватани халқи баодобу сухандони ман аст.
Сарбадорони ту то ҳол сарафрохтаанд,
Ватано, Парчами ту парчами армони ман аст.
Дар баҳои дилу ҷонанд Ватан-Модари ман,
Ватанам қалъаи амнияту паймони ман аст.
Пешвояш ба ҷаҳон пешсафи сулҳу сафост,
Ифтихори ману дунё, фари даврони ман аст.
Ноҷудоям, Ватано, аз туву аз миллати худ,
Ватанам ҷону тан аст, ҷону тани ман Ватан аст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон