Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ва интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ин бурди миллати куҳанбунёди тоҷик буд. Ин абармарди таърих аз як сиёсатмадори ҷавон имрӯз ба сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ расида, миллати тоҷик, кишвари Тоҷикистонро ба ҷаҳон машҳур карданд.
Баҳриддин АҲМАДОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
* * *
Дар давраи басо мушкил, ба сари ҳокимият омадани марди шуҷоъву далеру миллатдӯст ва миллатпараст дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толеи баланди халқи тоҷик буд. Бо иродаи қавӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима бахшида, гурезагонро ба Ватан баргардонданд. Ман назди чунин Сарвар, чунин Президент сари таъзим фуруд меорам.
Биҳоҷал РАҲИМОВА,
ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ
* * *
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҳамдилии мост, ки ба номи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад. Ин сиёсатмадори қавиирода баробари зимоми роҳбариро ба даст гирифтан, сарфи назар аз ҷавонӣ, бо далериву шуҷоати рустамона пайи бунёди давлати демокративу дунявӣ шуда, халқро ба пирӯзӣ расонданд.
Гулафзо САВРИДДИНОВА,
ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ
* * *
Аз оинаи нилгун мебинам, аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» пайваста мехонам ва аз ҳаёти рӯзмарра эҳсос менамоям, ки Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамнафаси мардуманд, моро ба созандагиву бунёдкориҳо раҳнамун месозанд. Президенти мардумианд, аз ин рӯ, мо аз таҳти дил Пешвои худ хондаем. Ҳамеша дар байни мардум будан, бо онҳо аз наздик суҳбат оростан, хоҳишу дархостҳояшонро шунида, ба мушкилоташон расидагӣ кардан, хоси табиати инсонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад
Имомназари КАРИМИЁН,
сокини ноҳияи Ёвон
* * *
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ман сарваре мебошанд, ки ба бахти миллати тоҷику тоҷикистониён Яздони пок сари қудрат овард. Ҳамон Пешвои мардумие, ки пайғоми сулҳро бароямон армуғон овард, сулҳе, ки то кунун барои аксари кишварҳои даргир орзуи дастнорас боқӣ мондааст.
Оятулло РАҶАБЗОДА,
корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
* * *
Мо – модарони тоҷик, Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медорем ва ҳамеша дуои некашон мекунем. Пешвои миллат дили бузург доранд. Дар ин дил ҳама меғунҷад. Президенти маҳбуби кишварро на танҳо мо – тоҷикон, балки тамоми халқу миллатҳои дунё дӯст медоранд.
Савримоҳ ҲОҶИЕВА,
нафақахӯр, сокини шаҳри Душанбе
* * *
Ҳазорҳо нафар сокинони кишвар ҳар соат аз худ мепурсанд, ки агар ҳамон солҳои вазнин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвар интихоб намешуданд, ҳоли мардуми Тоҷикистон чӣ мешуд? Аммо бахт ба рӯямон хандид ва Сарвари давлат ба халқ сулҳ оварданд. Аз файзи сиёсати хирадмандонаашон имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон соҳиби Ватани ободу зебост.
Раҷабалӣ ХОҶАЕВ,
омӯзгор аз шаҳри Роғун
* * *
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ман ва барои ҳазорон духтари кӯҳистонӣ пуштибони қавие ҳастанд, ки орзуҳоямонро бароварда сохтанд. Маҳз, Квотаи президентӣ ба мо имкон дод, то дар мактабҳои олӣ таҳсил карда, соҳибкасб шавем, барои худ зиндагии шоиста созем ва дар ҷомеа мавқеи хос дошта бошем.
Гулчеҳра ПИРМАТОВА,
омӯзгори ДОТ дар ноҳияи Рашт
* * *
Ман танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки Президенти кишвар барои ман мунодии сулҳ, ваҳдат, ободиву озодӣ ва кафили пойдории миллату давлатанд.
Баҳриддин ИСЛОМИДДИН,
сокини ноҳияи Лахш
* * *
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ман барои худ падар медонам. Зери ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ ҳеҷ гоҳ худро бекас эҳсос накардаам. Ҳар боре дилтанг шавам, ба суханҳои падаронаашон гӯш медиҳам ва ором мегирам.
Илёс ЗОКИРОВ,
хонандаи синфи 7-уми мактаб-интернати ноҳияи Сангвор
* * *
Пешвои миллат, қабл аз ҳама, фарзанди содиқу вафодори Ватананд. Тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ мо – тоҷиконро сарҷамъ намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ раҳо бахшанд. Роҳбари давлат қаҳрамони ҷонфидои миллат, наҷотбахши Тоҷикистони азизанд.
Назокат ШОМАДОВА,
нафақахӯр, ноҳияи Тоҷикобод
Таҳияи Ҷовиди АШТӢ, Гулнисо САЪДОНШО,
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”