Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд. Сарвари давлат теннисро бисёр хуб бозӣ мекунанд, футболро низ. Ҳамин огоҳиву маълумот доштан оид ба варзиш аст, ки Роҳбари давлат ба варзиш ва варзишгарон ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Моҳи августи ҳамин сол шоҳид шудем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж – Сомону Темуру Давлатро шахсан ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо мукофоти давлатӣ ва манзили истиқомативу электромобил қадр намуданд.
Умуман, дар солҳои аввали истиқлолият, замоне ки дар кишвар кашмакашиҳои сиёсӣ ва бетартибию беқонунӣ ҳукмрон буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари ҷавони давлат, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо медалҳо ба Ватан бармегаштанд. Иштироки ҳайати олимпии кишвар дар Бозиҳои Осиё-1994 (Ҳирошимаи Ҷопон), Бозиҳои олимпӣ-1996 (Атлантаи ИМА) натиҷаи ҳамин дастгириҳост. Ба андешаи Президенти кишвар: “Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳбудии саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт”.
Баробари таъмини сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, ки низ бо талошу ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба соҳаи варзиш, хусусан дастгирии варзишгарон, таваҷҷуҳ бештар шуд. 28-уми марти соли 2007 фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ” ба имзо расид, ки якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад. Ҳамон сол Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис ва аз соли 2009 Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо роҳандозӣ гашт. Ин ду мусобиқа феълан мақоми байналмилалӣ доранд.
Таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ аз соли 2015, стипендияи якумра ба ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ, сурдолимпӣ аз соли 2024 аз ғамхориҳои беназири Роҳбари давлат нисбат ба варзишгарон мебошанд. Давоми солҳои 2015-2023 беш аз 300 варзишгар ва мураббиёни онҳо соҳиби Ҷоизаи Президенти мамлакат гардидаанд, ки маблағи умумӣ 6246750 сомониро ташкил дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии Пекин-2008, Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ-2014, Пекин-2022, Бозиҳои Осиё дар иншооти кушода ва ҳунарҳои размӣ (Ашқобод-2017) бевосита иштирок карданд, ки ин амалашон боиси руҳбаландии варзишгарон гардид.
Сиёсати варзишпарваронаи Ҷаноби олӣ буд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонии варзиш ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Соли 1993 роҳбари ҳамонвақтаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Антонио Самаранч, соли 2013 роҳбари кунунии Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, собиқ ва имрӯза роҳбарони Федератсияи байналмилалии футбол Йозеф Блаттер, Ҷанни Инфантино, собиқ роҳбари Конфедератсияи футболи Аврупо Мишел Платини, собиқ раиси Шурои олимпии Осиё шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлев, президенти Иттиҳоди ҷаҳонии велосипедронӣ Давид Лапартян ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Пешвои миллат мулоқот кардаанд.
Роҳбари давлат дар баробари ордену ҷоизаҳои бешуморашон дар самтҳои гуногун, дар варзиш низ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат бо ордени Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ду ордени Шурои олимпии Осиё ва медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардидаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”