Ҳанӯз соли 2009 дар таҷлили 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Дар самти арҷгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дини мубини Ислом аз ҷониби Ҳукумати кишвар як силсила иқдомот амалӣ карда шудаанд. Таҳия ва нашри мероси гаронбаҳои бузургони илму фарҳанги миллатамон, тарҷума ва чопи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва аз ҷониби Президенти кишвар ба мардум ҳадия гардидани ин китоби муқаддас аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.
Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин, ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод.
Дар ҳақиқат, оғози ба забони тоҷикии порсӣ тарҷума шудани Қуръони карим дар замони Имоми Аъзам воқеаи таърихӣ буд. Маҳз бо сабаби тарҷумаи китоб маърифат ва баҳравари мардум аз ин осори илоҳӣ вусъат ёфт ва ин китоб дар машҳури дунё шудани забони тоҷикии порсӣ низ хидмат намуд. Минбаъд дар оғози асри ХХI ин кори таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонданд.
Бо дастур ва дастгирии Президенти кишвар Қуръони карим ба ҳуруфоти кириллӣ, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд, ки, аз ҷумла хидматҳои беназири Сарвари давлати мо, маҳсуб мешаванд.
Ба чоп омода шудан ва қарори интишори ин китоби барои фарҳанги мо муҳимро Муҳаммадҷон Умаров, тарҷумони Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ, чунин ёд кардааст: “Соли 2007 дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил шуд, ки банда узви он будам. Дар яке аз ҷаласаҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки бояд мо Қуръонро тарҷума ва нашр кунем. Профессор Абдулло Юлдошев, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии кишвар, ки аз тарҷумаи ман огоҳ буданд, ба Президент гуфтанд, ки тарҷумаи тоҷикии Қуръон тақрибан омода аст. Ҷаноби Президент ҳам бо хушҳолӣ гуфтанд, ки агар Қуръон бо забони тоҷикӣ бошад, ҳамин ҳоло нашр мекунем. Супориш шуд, ки тарҷумаро то моҳи Рамазони он сол омода кунем. Ҳамин тавр, тарҷумаи Қуръон омода шуд ва 50 ҳазор нусха ба нашр расида, ройгон тақсим гардид”.
Мо ифтихор аз он менамоем, ки номи Сарвари муаззами давлати тоҷикон дар қатори панҷсад нафар мусулмони бонуфузи ҷаҳон ҳамчун муҳофизи манофеи ислом сабт гардид.
Муҳимтарин ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар буд, ки моҳи марти соли равон сурат гирифт. Дар ин суханронии пурмуҳтаво бори дигар собит гардид, ки Пешвои миллат ба озодии виҷдон ва эътиқоди миллати хеш арҷ мегузорад, намехоҳад, ки арзишҳои динӣ зери пардаҳои ифроту тундравӣ монад ва ба он доғ афтад.
Дар ин вохӯрии судманд Пешвои миллат таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умраро аз ҷумлаи иқдомоти амалигардидаи Ҳукумат дар самти арҷгузории дини мубини Ислом арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, вазифа гузоштанд, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини Исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”