Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор
17-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳ бахшидани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад. Бинои таълимии муосир дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳаз буда, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам аст.
Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст ба шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ, 20 омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд. Дар иншооти варзиш, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шуд, хонандагон ба машқу тамрин ҷалб мешаванд. Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат маънидод карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ сохта шуд, бо тариқи онлайн ифтитоҳ намуданд. Яке аз онҳо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан мебошад. Муассиса дорои 11 синфхона ва иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 омӯзгори соҳибтахассус метавонад раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монад.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент норасоии ҷойи нишаст ва дигар мушкили самти таҳсил дар деҳоти мазкурро бартараф намуд. Иншоот дорои 12 синфхона буда, дар он 320 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ифтитоҳ ёфт, сифати таълиму тадриси хонандагонро боз ҳам беҳтар менамояд. Бинои иловагии таълимӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат бунёд ёфта, 6 синфхона дорад.
Ба ҳамин тариқ, дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ифтитоҳ ёфт. Иншоот бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад. Бо бунёди Муассиса имкон аст, ки 1280 хонанда дар ду баст ва дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Бунёди чор иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи онлайн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ба таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кори нав ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст дар вилояти Суғд мусоидат менамояд. Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот карданд.
«Таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расондани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва мо намегузорем, ки шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед»,– таъкид сохтанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 наврасу ҷавони ниёзманд маҷмуи сарулибос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуда, аз онҳо омӯзиши илму ҳунари мутобиқ ба замони муосирро талаб карданд.
Ба истифода додани корхонаи ҶДММ “Кӯли Сарез”
17-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кӯли Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона баҳри ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов бо харҷи наздики як миллион сомонӣ бунёд ёфт. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд. Корхона дар масоҳати 0,22 гектар доман густурда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар корхона 17 сокини маҳаллӣ, ки 9 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Ҳамзамон, дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7-литра аз ашёи хом истеҳсол мегардад ва онҳо дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд. Моеи зидди ях, ки аввалин бор истеҳсоли он дар ин корхона ба роҳ монда шудааст, барои сардии аз 31 то 40 дараҷаи ҳаво пешбинӣ мегардад. Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити лозима фароҳам мебошад. Маоши миёнаи кормандон алҳол то ду ҳазор сомониро ташкил дода, оянда бо афзун гардидани даромади корхона меафзояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани содироти он дар оянда дастуру маслиҳатҳо доданд. Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин, сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанӣ шудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ гашт.