Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ҳамроҳ шавад.
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори миллӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ намояндагӣ намояд.
3. Маблағи аъзоҳаққии солона ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаро оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии мазкур огоҳ созад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2024, № 879
ТАВЗЕҲНОМА
ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ»
16-уми ноябр фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №879) «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ» ба имзо расид.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд.
Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, инчунин, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ мекунад.
Ҳамчунин, созмон маълумот дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун ва рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро барои ҳифзи махсус пешниҳод менамояд.
Таъсир расондан, ҳавасманд кардан ва кумак намудан ба ҷомеаи саросари ҷаҳон дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъминсозии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аз ҳадафҳои асосии Иттиҳод ба ҳисоб меравад.
Иттиҳоди мазкур мақоми нозири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро дошта, дар татбиқи як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хос дорад. Ҳамчунин, дар таъсиси Хазинаи ҷаҳонии табиат ва Маркази ҷаҳонии мониторинги ҳифзи табиат бевосита иштирок менамояд.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ягона ташкилоти ҷаҳонии дорои фонди махсуси маблағгузории лоиҳаҳое мебошад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир равона шудаанд.
Иттиҳод ғайр аз созмонҳои аъзои худ, дар таркибаш шаш комиссияи илмӣ ва котиботи соҳавиро муттаҳид намудааст ва дар кори комиссияҳои он беш аз 16 ҳазор олим ва мутахассис ихтиёран иштирок менамоянд.
Шомил шудан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:
– дастрасӣ ба маблағҳои Фонди глобалии экологӣ ва Фонди иқлими сабз;
– дастрасӣ ба Фонди махсуси набототу ҳайвоноти ба рӯйхати ҷаҳонии сурх шомилшуда.
Ҳамзамон, Иттиҳод, туфайли таҷрибаи ғании худ дар лоиҳаҳои гуногун, дар самти ҳифзи муҳити зист ва табиат дар саросари ҷаҳон дар таҳия ва татбиқи ин лоиҳаҳо кумак мерасонад.